Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cокинони марзии Туркманистон аз равуои афғонҳои мусаллаҳ нигаронанд


Марзи Туркманистон ва Афғонистон.
Марзи Туркманистон ва Афғонистон.

Сокинони минтақаҳои ҷанубию шарқии Туркманистон дар марз бо Афғонистон мегӯянд, шабона садои тир шунида мешавад ва вақтҳои охир ҳолатҳои рӯбарӯ шудан бо ҷангиёни мусаллаҳе ҳам афзоиш ёфтааст, ки марзи ин кишварро убур мекунанд.

Дар ин бора хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ 9-уми феврал бо истинод ба сокинони Калаимори ноҳияи Сарҳадободи Туркманистон иттилоъ дод. Деҳаи Калаимор тақрибан дар 40-километрии дидбонгоҳи марзии Сарҳадобод ҷойгир аст.

"Ин минтақаҳо камаҳолиянд. Чупонҳо борҳо бо афғонҳо рӯбарӯ шуданд. Вале хушбахтона, то ҳол задухӯрди онҳо бо сокинон сурат нагирифтааст", - иттилоъ дод хабарнигор бо истинод ба чупоне аз Калаимор.

"Сокинони маҳаллӣ дер боз медонанд, ки мақомоти туркман ҷангиёни афғонро нигаҳдорӣ карда, ба онҳо кумаки молӣ ва башардӯстона мерасонанд. Вале сокинон аз он нигаронанд, ки ин кор наметавонад дер давом кунад. Бинобар ин, бархе аз онҳо дар фикри кӯчидан ба минтақаҳои дигар ҳастанд",-афзуд хабарнигор.

Як сокини дигари вилояти Марии Туркманистон гуфт, сокинони минтақаҳои наздимарзӣ бо Афғонистон шикоят доранд, ки шабона садои тир хеле зиёд шунида мешавад. Ҳамчунин ҳолатҳои рӯбарӯ шудани чупонҳо бо ҷангиён дар наздикии марз афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG