Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи генералҳои узбеки гумонбар дар ҷосусӣ барои Русия


Бинои Додгоҳи олии Узбекистон.
Бинои Додгоҳи олии Узбекистон.

Дар Додгоҳи ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд 10-уми феврал баррасии парвандаи сардори пешини Институти пажӯҳишҳои стратегӣ ва байниминтақавии назди президенти Узбекистон Рафиқ Сайфулини 61-сола пушти дарҳои баста оғоз шуд. Парвандаи Сайфулинро Додгоҳи низомии Узбекистон баррасӣ дошта, ӯ ба "хиёнат ба давлат" айбдор мешавад.

Дар баробари Сайфулин ҳудуди 10 низомии дигари узбек низ дар курсии айбдорӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Русия, ифшои сирри давлатӣ ва ҷиноятҳои дигар нишастаанд. Дар миёни онҳо сардори Идораи Ситоди муттаҳидаи Қувваҳои мусаллаҳи Узбекистон Акбар Ёрбобоев низ ҳаст.

Ба гуфтаи бародари Ёрбобоев - Алексей, тафтиши парвандаи Акбар Ёрбобоев 1-уми феврал ба поён расида, ба додгоҳ ирсол шудааст. Акбар Ёрбобоев ва ҳамсараш Еленаро 15-уми июли соли 2019 боздошт карданд.

Манбаи огаҳ аз қазия, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, ҳудуди 10 сарҳанг ва генерали дигари Вазорати дифои Узбекистон дар ифшои сирри давлатӣ ба нафъи Русия гумонбаранд.

Сайфулин, ки фаъолияти кориро дар Кумитаи амният оғоз кардааст, дар гузашта дар Кумитаи давлатии пешгӯӣ ва омори Девони вазирони Узбекистон кор кардааст. Ба гуфтаи манобеъ, ӯ яке аз шахсони наздики раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Узбекистон Рустам Иноятов аст. Сайфулин дар таҳлилҳои худ борҳо қайд карда, ки Узбекистон бояд аз ИМА, Иттиҳоди Аврупо дур ва ба Русия наздик шавад.

XS
SM
MD
LG