Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чилу шаш донишҷӯи тоҷикро аз Чин баргардонданд


Ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр". Акс аз бойгонӣ.
Ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр". Акс аз бойгонӣ.

Баъд аз як моҳи хуруҷи вируси нави корона, мақомоти Тоҷикистон 46 нафар аз донишҷӯёни тоҷикро аз шаҳри Вуҳани Чин ба ватан баргардонданд. Ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" соати 6-и субҳи 11-уми феврал дар Фурудгоҳи низомии "Айнӣ" фуруд омад. Аммо наздикони бархе донишҷӯёни тоҷик мегӯянд, фарзандони онҳо то ҳол дар Вуҳан дармондаанд ва мақомоти Чин ба онҳо иҷозаи сафар надоданд. Мақомоти тоҷик ҳам таъйид мекунанд, ки 7 нафар аз шаҳрвандон бинобар доштани таби баланд, аз сафар ба Тоҷикистон бозпас гардонида шуданд.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 11-уми феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар миёни 46 нафаре, ки аз Вуҳан оварда шуданд, нишонаҳои сироятии вируси корона сабт нашудааст. Аммо сарфи назар аз ин ба гуфтаи Камолзода тибқи талаботи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ онҳо давоми ду ҳафта дар карантин нигоҳ дошта мешаванд. "Мақсади асосии дар карантин нигоҳ доштани онҳо пеш аз ҳама муайян намудани нафари бемор ва ба муолиҷа фаро гирифтани он нафар мебошад",-гуфт муовини Вазири тандурустӣ.

Дар Вазорати тандурустӣ мегӯянд, то имрӯз наздики 900 нафар афроди аз Чин омада, зери назорати табибон қарор дошта, онҳое, ки 14 рӯз муҳлати карантинро сипарӣ кардаанд сар аз имрӯз рухсат дода мешаванд.

Аммо наздикони бархе донишҷӯёни тоҷик мегӯянд, фарзандони онҳо ҳамчунон дар Вуҳан мондаанд ва иҷозаи парвоз ба Тоҷикистон дарёфт накарданд.

Заррина, модари яке аз донишҷӯёни тоҷик мегӯяд, шаби гузашта ҳангоми гузаштан аз қайди фурудгоҳи Вуҳан фарзанди ӯ ва чанд нафари дигарро табибони Чин аз сафар бозгардондаанд. Тибқи иттилое, ки ҳамсуҳбати мо аз духтараш гирифтааст, сабаби аз сафар нигоҳ доштани духтари ӯ ҳарорати баланд будааст.

"Ҳарораташон гӯё 37,4 будааст, ин ҳарорати он қадар баланд нест чаро онҳоро нигоҳ доштанд? Онҳо бо либоси гарм нишаста буданд ва аз ҳаяҷоне, ки доштанд ҳарораташон баланд шудааст. Ҳоло духтарамро ба меҳмонхона интиқол додаанд ва аз ӯ ташхис гирифтанд ва натиҷаи он бояд фардо маълум шавад. Маълум нест ки онҳоро кай меоранд",-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Модари ин донишҷӯи тоҷик гуфт, масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Чин бо фарзанди ӯ дар тамос буда, кӯмаки ғизоӣ мерасонанд. Аммо ба гуфтаи Заррина, духтари ӯ аз пеш омадани чунин вазъ асабонӣ аст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, 7 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби доштани таби баланд аз сафар ба Душанбе баргардонда шуданд. Ба гуфтаи ВКХ, дар баробари ин 7 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин 3 нафар донишҷӯ бо хоҳиши худ аз сафар ба Душанбе даст кашиданд.

Оҷонсии расмии АМИТ "Ховар" аз қавли Вазорати умури хориҷӣ навиштааст, "аммо ин маънои онро надорад, ки ин нафарон гирифтори бемории коронавирус мебошанд. Зеро тибқи талаботи карантинӣ, ки дар шаҳри Вуҳан ҷорӣ аст, нафароне, ки таби баланд доранд, дар ҳолати карантинӣ қарор дода мешаванд".

Дар баробари донишҷӯёни аз Чин омада, инчунин 17 нафар аз кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, табибон ва ҳавонавардон дар осоишгоҳи "Харангон" давраи карантинро сипарӣ мекунанд. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, дар ин муддат ду гурӯҳи табибон бо навбат ба муоинаи бистаришудаҳо машғул хоҳанд буд.

Қаблан донишҷӯёни тоҷик аз шаҳри Вуҳан, маркази пайдоиши вируси нав борҳо аз мақомот хостанд, онҳоро аз ин шаҳр берун оранд ё барои рафтанашон кӯмак кунанд, чун ҷонашон дар хатар аст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ба ҷуз аз баргардонидани донишҷӯён аз Чин, барои мубориза бо коронавирус назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ низ пурзӯр шудааст. Чин ҳамсояи ҳаммарз ва яке аз манбаъҳои воридоти маҳсулоти сохтмонӣ, хӯрок ва ашёи дигар ба Тоҷикистон аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG