Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи фавтидагон аз вирус дар Чин ба беш аз 900 нафар расид


Акс аз Чин
Акс аз Чин

Мақомоти Чин рӯзи 10-уми феврал эълон карданд, ки шумораи фавтидагон аз вируси хатарнок ба 908 нафар расидааст.

Комиссияи миллии тандурустии Чин 9-уми феврал хабар дод, ки танҳо рӯзи якшанбе аз вируси нав дар саросари ин кишвар 97 нафар ҷон доданд. Аз ҷумла, 91 кас дар вилояти Ҳубей, ҷое, ки бори нахуст моҳи декабр ин вируси марговар пайдо шуда буд.

Ҳоло дар саросари Чин беш аз 40 ҳазор ҳолати гирифтор шудан ба вирус ба қайд гирифта шудааст ва ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ин бемории ҳамагир рӯ ба муътадилшавӣ мебошад.

Берун аз Чин, дар зиёда аз 22 кишвар беш аз 350 ҳолати бемории роҳи нафас тасдиқ шудааст, аз ҷумла марги як нафар дар Филиппин.

Рӯзи 10-уми феврал таҳти сарпарастии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ “гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ” ба Чин парвоз кард, то барои пешгирии паҳн нашудани ин беморӣ ба ҳамоҳанг кардани чораҳои ҷавобӣ ёрӣ расонанд.

XS
SM
MD
LG