Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози ҳавопаймои "Сомон Эйр" барои овардани донишҷӯён аз Вуҳани Чин


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" барои овардани донишҷӯёни тоҷик аз шаҳри Вуҳани Чин ба ин кишвар парвоз кардааст. Ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" соати 15:00 аз Душанбе озими Чин шуд ва қарор аст то фардо бо 54 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла 45 донишҷӯ, ба Тоҷикистон бозгардад.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷа, баъд аз зуҳри 10-уми феврал бо нашри як иттилоия гуфт, кормандони соҳаи тиб ва мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда низ бо ин ҳавопаймо озими шаҳри Вуҳан шуданд. Дар хабари Вазорати корҳои хориҷӣ гуфта мешавад, ки ҳавопаймои "Сомон Эйр" бо дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Вуҳан рафтааст.

"Ҳавопаймои мазкур инчунин ҳомили бори башардӯстона иборат аз лавозимоти тиббӣ аст, ки дар Вуҳан аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷониби чинӣ супорида хоҳад шуд",-омадааст дар хабари Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ду гурӯҳи табибон барои қабули шаҳрвандоне, ки бо ин ҳавопаймо аз Чин бармегарданд, дар ҳолати омодабош қарор доранд. Ба гуфтаи манбаъ, ин гурӯҳи шаҳрвандон ба эҳтимоли зиёд давраи карантини худро дар осоишгоҳи "Харангон"-и Варзоб сипарӣ мекунанд.

Қаблан расонаҳои русӣ хабар доданд, ки Маскав хоҳиши мақомоти Душанбе дар мавриди аз минтақаҳои гирифтор ба коронавируси Чин берун баровардани шаҳрвандони Тоҷикистонро иҷро карда натавонистааст.

Дар бораи бозгардонии донишҷӯёни тоҷик аз шаҳри Вуҳани Чин, маркази пайдоиши вируси нав, нахуст рӯзи 6-уми феврал Насим Олимзода, вазири тандурустӣ хабар дод. Вазири тандурустӣ гуфт, ин донишҷӯён то ду ҳафта дар карантин нигоҳдорӣ мешаванд.

Насим Олимзода зимни як нишасти хабарӣ гуфт, барои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон ситоди доимамалкунанда ташкил шуда, то рӯзи 6-уми феврал 645 нафар афроди аз Чин бозгашта ба ҳолати карантини фаро гирифта шудаанд. Ин афрод ба гуфтаи Насим Олимзода, асосан донишҷӯён ва соҳибкорон мебошанд. Олимзода гуфт, дар миёни афроде, ба карантин фаро гирифта шудаанд 47 нафарашон шаҳрвандони Чин мебошанд.

Мақомоти Вазорати тандурустӣ авохири ҳафтаи гузашта гуфтанд, дар миёни афроди бозгашта аз Чин, ягон ҳолатҳои гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Насим Олимзода гуфт, Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус пурра омода шуда, дар ҳамаи 27 гузаргоҳои марзӣ назорати шабонарӯзӣ ҷорӣ шудааст.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ду тавсияи аслии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи ба карантин фаро гирифтани афроди аз Чин омада ва назорати сахт дар фурудгоҳҳоро иҷро кардаанд.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, афроде, ки таҳти карантин фаро гирифта шуданд, таҳти назорати табибон се дафъа бо хӯроки ройгон таъмин карда шуда, дар рӯз чанд бор ҳарорати бадан ва вазъи сиҳатиашон санҷиш мешавад.

Чин ҳамсояи ҳаммарз ва яке аз манбаъҳои воридоти маҳсулоти сохтмонӣ, хӯрок ва ашёи дигар ба Тоҷикистон аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG