Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

584 шаҳрванди Узбекистонро аз Чин ба ватан оварданд


Бозгашти донишҷӯёни Узбекистон аз Чин. 4-уми феврали 2020.
Бозгашти донишҷӯёни Узбекистон аз Чин. 4-уми феврали 2020.

Аз 4 то 6 феврали соли равон тавассути парвозҳои махсус 584 шаҳрванди Узбекистон аз шаҳрҳои Пекин ва Вуҳони Чин ба ватан оварда шуданд.

Дар ин бора Ситоди мубориза бо коронавируси назди Оҷонси беҳдошти санитарию эпидемиологии Узбекистон иттилоъ дод.

Ба огаҳии оҷонс, ҳамаи узбекистониҳои овардашуда дар беморхонаи махсусе бистарӣ карда шудаанд, ки бо тавсияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ташкил гаштааст. Онҳо 14 рӯз зери назорати табибон мемонанд.

Мақомоти Узбекистон мегӯянд, дар ин беморхона барои сокинон тамоми шароит фароҳам шудааст. Вале наздикону пайвандони онҳое, ки дар карантин қарор доранд, мегӯянд, "утоқҳо сарду ифлосанд".

Бар асоси иттилои саҳифаи TROLL.UZ дар Фейсбук, узбекистониҳое, ки аз Чин оварда шудаанд, дар истироҳатгоҳи "Бустон"-и вилояти Тошканд бистарӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG