Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳаллаи "бевазанон" дар Ҳироти Афғонистон. Оқибати қочоқ. ВИДЕО


Сокинони рустои Мир Алӣ дар деҳаи Адраскони вилояти Ҳироти Афғонистон
Сокинони рустои Мир Алӣ дар деҳаи Адраскони вилояти Ҳироти Афғонистон

Як маҳаллаеро дар ғарби Афғонистон “маҳаллаи бевамондагон” меноманд. Даҳҳо зан дар рустои Мир Алӣ дар деҳаи Адраскони вилояти Ҳирот шавҳар надоранд. Шавҳарони аксарияти онҳоро ҳангоми қочоқи маводи мухаддир дар марзи Эрон ё барои фурӯши ҳероину тарёк дар қаламрави ин кишвар қатл кардаанд.

Шавҳари Ҳумайро, сокини деҳаи Адраскон, маводи мухаддир бурда, дигар барнагаштааст.

"12 нафар ҳамроҳи шавҳарам рафтанд. Инҳоро дастгир карданд. Онҳое, ки баргаштанд, хабари маргашро оварданд", -- нақл кард ӯ.

Ҳумайро 6 фарзанд дорад ва бо либосшӯӣ рӯз мегузаронад: "Ҳамин кӯдакон ҳастанд, ки дасти маро мегиранд, дигар касе ба мо кумак намекунад."

Саъдигул ва келинаш ҳам шавҳар надоранд.

"Шавҳари маро ҳангоми маводи мухаддир бурдан куштанд. Ману писаронам мондем. Боз ҳам бачаҳои ман аз гуруснагӣ ва бенавоӣ маводи мухаддир бурданд ва инҳо ҳам кушта шуданд. Мо ҳам беваву бесарпараст мондем", -- нақл кард ӯ.

Фақат ҷасади баъзеҳоро оварда, дафн карданд.

Абдул Алӣ Фақирёр, раиси ноҳияи Адраскон мегӯяд, мақомот мардуми инҷоро фаромӯш кардаанд.

Адраскон дар вилояти Ҳирот як роҳи қочоқи маводи мухаддир ба Эрон ба шумор меравад. Дигар ба гуфтаи сокинони деҳа, кам касоне ёфт мешаванд, ки ҷони худро барои фоида аз қочоқи маводи мухаддир ба хатар мегузоранд.

Гузориши видеоиро дар ин бора дар инҷо бинед:

Маҳаллаи "бевазанон" дар Ҳироти Афғонистон. Оқибати қочоқ.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

XS
SM
MD
LG