Ду мансабдори баландпояи амрикоӣ баъди онки дар муҳокимаи эъломи нобоварӣ ба президент Доналд Трамп дар Конгресс шоҳидӣ доданд, аз вазифа барканор шуданд.
Полковник Александр Виндмен дар мавриди суҳбати телефонии Трамп бо раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский шаҳодат дода буд. Вай рӯзи 7-уми феврал аз вазифаи мутахассиси умури Украина дар Шӯрои амнияти миллии Амрико барканор карда шуд. Вакили мудофеи Виндман гуфт, ин интиқом буд.
Ҳамзамон бо ин, Гордон Сондленд, сафири Амрико дар Иттиҳодияи Аврупо изҳор дошт, ки ба ӯ гуфтаанд, раиси ҷумҳур Трамп мехоҳад ӯро ба Вашингтон эҳзор кунад. Гордон Сондленд дар Маҷлиси Намояндагони Конгресс алайҳи Трамп шоҳидӣ дода буд.
Президенти Амрико Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар Сенат табраа ё сафед карда шуд.