Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин пирӯзии мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Тайланд


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии охиринаш дар мусобиқаи байналмилалӣ («SAT International Futsal Championship 2020») дар Тайланд рӯзи 6-уми феврал мунтахаби Малайзияро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Со голро Умед Қузиев ва яктоашро Иқбол Воситзода ба самар расониданд.

Аз ин пеш мунтахаби Тоҷикистон бозиҳоро ба тими Эрон бо ҳисоби 2:3, ба дастаи дувуми Тайланд бо ҳисоби 2:4 ва ба дастаи аввали Тайланд бо ҳисоби 0:2 бохта буд. Дар бозии дигари даври чоруми мусобиқа дастаи аввали Тайланд бар тими Тайланд-2 бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии чор даври мусобиқа дастаи аввали Тайланд бо 9 имтиёз дар ҷадвал садрнишин аст. Дастаи Тайланд-2 ва мунтахаби Эрон бо 6-имтиёзӣ дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки бозиҳояшро ба анҷом расонд, бо 3 имтиёз дар ҷадвал мақоми чорумро касб намудааст. Мунтахаби Малайзия бидуни имтиёз ҷойи охирин - панҷумро ишғол кардааст.

Мусобиқаи байналмилалии «SAT International Futsal Championship 2020» дар шаҳри Ҳатяйи музофоти Сонгкҳлаи Тайланд 8-уми феврал ба анҷом мерасад. Дар даври 5-уми мусобиқа ду бозии охирин миёни дастаҳои Малайзия – Тайланд-2 ва Эрон – Тайланд доир мегардад.

Мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Александр Дзабирадзе, мутахассиси 44-солаи гурҷӣ, рӯзи якшанбеи 9-уми феврал ба Даммом парвоз намуда, бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (12-уми феврал) ва Кувайт (13-уми феврал) ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тайланд барои мунтахаби футзали Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешуд. Мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат мекунад.

Зимнан, қаҳрамонии футзали Осиё мебоист аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқободи Туркманистон баргузор мешуд. Вале ба иллати авҷ гирифтани коронавирус бо тасмими Конфедератсияи футболи Осиё баргузории мусобиқа ба таъхир андохта шуд. Дар бораи санаи нави баргузории қаҳрамонии Осиё иттилоъ дода нашудааст.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии Осиё дар Ишқобод панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2020, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва барпо мегардад, мушарраф мешаванд.

Мусобиқаи «SAT International Futsal Championship 2020» дар Тайланд

Даври 1-ум

Тоҷикистон Эрон – 2:3

Голҳои Тоҷикистон: Умед Қузиев, Шавкат Ҳалимов.

Тайланд – Малайзия – 4:3

Даври 2-юм

Тайланд-2 – Тоҷикистон – 4:2

Голҳои Тоҷикистон: Рустам Ҳамидов, Файзалӣ Сардоров.

Эрон – Малайзия – 5:0

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Тайланд – 0:2

Тайланд-2 – Эрон – 5:0

Даври 4-ум

Малайзия – Тоҷикистон – 0:4

Голҳои Тоҷикистон: Умед Қузиев (3), Иқбол Воситзода.

Тайланд – Тайланд-2 – 2:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тайланд

3

3

0

0

8-3

9

2

Тайланд-2

3

2

0

1

9-4

6

3

Эрон

3

2

0

1

8-7

6

4

Тоҷикистон

4

1

0

3

8-9

3

5

Малайзия

3

0

0

3

3-13

0

Даври 5-ум

8-уми феврал (шанбе)

14:30 – Малайзия – Тайланд-2

17:00 – Эрон – Тайланд

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG