Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Қазоқистон содироти ниқобҳои тиббиро манъ кард

Ниқобҳои тиббӣ. Акс аз бойгонӣ.

Қазоқистон содироти ниқобҳои тиббиро пас аз он ки дар пайи паҳни коронавирус талабот ба он дар Чин афзоиш ёфт, манъ кард.

Дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон, ки бо Чин 1 ҳазору 800 километр марзи мушатрак дорад, ягон ҳолати мубтало шудан ба коронавирус ошкор нашудааст. Вале даҳҳо нафаре, ки аз Чин ба Қазоқистон баргаштаанд, дар карантин нигаҳдорӣ мешаванд.

"Бархе аз истеҳсолгарон ва дастраскунандагони ниқобҳои тиббӣ амали ғайриахлоқӣ анҷом доданд. Онҳо захираҳоро ба Чин фурӯхтанд. Бинобар ин, ҳукумат содироти онро манъ кард",-гуфт сухангӯи Вазорати тандурустии Қазоқистон Диас Аҳмадшариф 6 феврал дар нишасти хабарӣ.

Дар Чин то ҳол 563 кас аз коронавирус ҷон бохтаанд. Дар умум беш аз 28 ҳазор одам ба он мубтало шудаанд. Ду нафар - яке дар Ҳонгконг ва дигаре дар Филиппин аз ин вирус ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

АП: Гурӯҳе аз маҳбусон  дар остонаи Наврӯз ба зиндони навсохт интиқол меёбанд

Мансурҷон Умаров, раиси низоми зиндонҳои Тоҷикистон

Хабаргузории “Азия-Плюс” рӯзи 28 январ аз қавли Мансурҷон Умаров, раиси низоми зиндонҳои Тоҷикистон гуфт, ки як моҳ пеш аз ҷашни Наврӯз гурӯҳе аз зиндониёни маҳбаси рақами 1-и шаҳри Душанбе ба маҳбаси тоза сохташуда интиқол меёбанд. Умаров, сардори Раёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтааст, зиндони нав дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат ҷойгир буда, ба зиндони нав маҳкумшудаҳо аз рӯи моддаи “терроризм” интиқол меёбанд. Ӯ гуфтааст, ки сохтмони зиндон анҷом шуд. Айни замон, ба гуфтаи ӯ, муассисаи нигаҳдории муваққатии гумонбарон (СИЗО) дар ҷои пешини худ мемонад. “Дар зиндони нав феълан барои ҳамаи зиндониҳои маҳбаси рақами 1 ҷой нест. Феълан маълум нест, ки СИЗО ҳам аз пойтахт кӯчонида мешавад ё на”, гуфтааст Умаров.

Сохтмони зиндони нав барои маҳкумшудаҳо аз рӯи моддаи “терроризм” чанд сол пеш шурӯъ шуд, ва, ба қавли мақомот, ин муассиса бо назардошти меъёрҳои байналмилалии зиндонсозӣ бунёд шудааст. Як вижагиаш ин аст, ки маҳбусон дар утоқҳо бо шумори маҳдуд, на мисли пешин дар шароити барак нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар Тоҷикистон 19 муассисаи ислоҳӣ амал мекунад.

Залмай Халилзод мақомашро ҳифз кард

Залмай Халилзод дипломати собиқадори афғонтабори ИМА аст, ки дар мақоми фиристодаи ин кишвар дар Афғонистон кор мекунад

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи 27-уми январ гуфт, аз фиристодаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод дархост кардааст, ки дар мақомаш бимонад. Блинкен гуфт, ки аз Халилзод хост, “кори муҳимаш”-ро дар заминаи идомаи музокироти сулҳи Толибон ва ҳукумати Афғонистон идома диҳад. Блинкен баъди шурӯи кораш дар мақоми котиби давлатӣ дар таърихи 26-уми январ дар нахустин нишасти матбуотӣ ба саволҳои журналистон посух дод.

Созиши сулҳ бо Толибон 29-уми феврали соли 2020 имзо шуд. Бар асоси ин қарор бояд нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон берун шаванд ва гурӯҳи шӯришӣ бояд даст аз хушунат бардораду робитаҳояшро бо гурӯҳи Ал-Қоида ҳам қатъ кунад. Тамоми нирӯҳои хориҷӣ бояд то моҳи маи соли 2021 хоки Афғонистонро тарк кунанд. Блинкен инчунин такрор кард, ки маъмурияти президент Ҷо Байден созишро бозбинӣ мекунад, то ки мушаххас шавад, ки гурӯҳи ҷангӣ ӯҳдадоридҳоро иҷро мекунад, аз ҷумла, оташбаси воқеиро риоя карда бо ҳукумати Афғонистон вориди музокироти ҷиддӣ мешавад.

Додгоҳи олии Покистон маҳкумшудаҳо барои куштори Дениэл Перлро озод кард

Соли 2007, Майами Бич, Флорида. Падари Дениэл Пёрл - Ҷуди Пёрл суханронӣ мекунад

Додгоҳи олии Покистон аризаи бозбинӣ шудани қарори озодии як марди зодаи Бритониёро рад кард, ки соли 2002 барои куштори журналисти Wall Street Journal Дениэл Перл маҳкум шуд. Муҳокима бо ширкати се додрас баргузор шуд ва ду нафари онҳо, ки аксариятро ташкил доданд, қарор карданд, ки Аҳмад Умар Саид Шайх озод шавад. Шайх собиқ донишҷӯи Мактаби иқтисодии Лондон буда, соли 2002 боздошт ва бо қарори додгоҳи зиддитеррористӣ ба марг маҳкум шуд. Се муҷрими дигар барои рабоиш ва куштори Перл ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Вакили калони дифои маҳкумшудаҳо Маҳмуд Шайх ва додситони вилоятӣ гуфтанд, ки додгоҳ ин се нафарро ҳам озод кард. Дар изҳороти хонаводаи Перл, ки аз ҷониби ҳуқуқшиносони онҳо нашр шуд, ҳукми додгоҳ “мазҳакаи адолат” унвон шудааст.

Моҳи апрели соли гузашта додгоҳи зинаи поёнӣ иттиҳоми “куштор”-ро аз парвандаи Шайхи 47-сола бардошт ва ҳукми ӯро то моддаи “одамрабоӣ” поин овард. Ин ҳукм қарори қатли ӯро ҳам бекор кард ва ба ӯ иҷоза дод, ки баъди наздики ду даҳсола ҳабс ба озодӣ барояд. Он вақт Вашингтон ин ҳукмро “таҳқири қурбониҳои терроризм” номида буд.

Перли 38-сола раҳбарии бюрои The Wall Street Journal-ро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ба ӯҳда дошт. Ӯ январи соли 2002, замоне, ки бо таҳқиқи мавзӯи ҷангҷӯёни исломӣ машғул буд, дар шаҳри Карочӣ рабуда шуд. Тахминан як моҳ баъдаш ба Консулгарии ИМА дар Карочӣ видеонаворе ирсол шуд, ки дар он саҳнаи аз тан ҷудо кардани сари Перл сабт шудааст.

Додгоҳ қарори шаҳрдори Тошканд дар бораи додани замин ба ширкатҳои домоди Мирзиёевро бекор кард

Мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи бекор шудани қарори додани замин ба ширкатҳои домоди президенти Узбекистон

Додгоҳи ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 27-уми январ ду қарори раиси шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаевро ғайриқонунӣ донист, ки дар солҳои 2018 ва 2019 содир шудаанд.

Бино ба як қарори Ортиқхоҷаев, 6 га замини ноҳияи Юнусободи Тошканд, ки дар он чанд ширкати тиҷорӣ ҷойгир буд, барои эҳтиёҷоти давлатӣ баргардонида шуд.

Шаҳрдори Тошканд рӯзи 31 декабри соли 2019 бо як қарори дигар замини мазкурро ба ширкати хусусии "Urban Developers" дод.

Ҳамакнун додгоҳ, ин қарорро ғайриқонунӣ эътироф кард.

Ба навиштаи расонаҳо, ширкати "Urban Developers" ба Ойбек Турсунов, домоди президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рабт дорад.

45 соҳибкоре, ки дар 6 га замини ноҳияи Юнусобод коргоҳ ва дукон доштанд, ба додгоҳ муроҷиат ва дархости бекор кардани қарори раиси шаҳрро карданд.

Президенти тозаинтихоби Қирғизистон савганд ёд кард

Содир Ҷабборов, президенти нави Қирғизистон савганд ёд кард.

Рӯзи 28-уми январ дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби ин кишвар Содир Ҷабборов баргузор шуд. Ҷабборов баъди адои савганд суханронӣ карда, гуфт, "масъулияти бузург"-еро бар зимма гирифтааст.

"Ман ба монанди ватандӯстони дигар орзу дорам, Қирғизистон як кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта, қавӣ ва озоде шавад, ки дар он ҳуқуқи инсон риоя шуда, волоияти қонун пойбарҷо бошад ва ҷавононаш ба оянда хушбин бошанд. Нақшаи иҷрои ин ҳадафҳо дар барномаи президентӣ оварда шудааст. Рушди иқтисодӣ бо болоравии сатҳи маънавии мардум бояд дар як вақт сурат гирад", - изҳор дошт ӯ.

Ҷабборов ҳамчунин қайд кард, ки Қирғизистон бисёрсамтиро дар сиёсати хориҷии худ ҳифз ва уҳдадориҳои байналмилалияшро иҷро хоҳад кард.

Рӯзи 21-уми январ Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон Содир Ҷабборовро президенти мунтахаби кишвар эълом кард. Ба иттилои расмӣ, Ҷабборов дар интихоботи пеш аз муҳлати президентии рӯзи 10-уми январ 79,2 дарсади раъйи сокинонро ба даст овардааст.

Баъзе аз рақибонаш натиҷаҳои интихоботро "дур аз воқеият" донистанд.

Содир Ҷабборов, ки соли 2017 бо гуноҳи одамрабоӣ ба даҳ сол зиндон маҳкум шуда буд, дар натиҷаи эътирозу беназмиҳои баъди интихоботи 4-уми октябри соли гузашта озод шуд ва якбора ба нахуствазирӣ ва сипас иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур расида буд.

Судури  ҳушдори сартосарӣ аз терроризм дар ИМА

Маросими савгандёдкунии президент Ҷо Байден бо риояи тадбирҳои шадиди амниятӣ баргузор шуд

Вазорати амнияти дохилии ИМА як ҳушдори сартосариро содир кард, ки аз эҳтимоли сар задани хушунатҳо бо дасти тундгароҳои зиддидавлатии аз беназмиҳои 6-уми январ ба бинои Капитол “ҷасуршуда” маншаъ мегирад. Вазорат рӯзи 27-уми январ гуфт, ки дар бораи кадом нақшаи тарҳрезишудаи мушаххасе иттило надорад, вале аз он нигарон аст, ки афроди норозӣ аз интиқоли қудрат метавонанд даст ба хушунат бизананд. Вазорати амнияти дохилии Амрико гуфт, ки “эҳтимолан дар муҳити ИМА давоми чанд ҳафтаи дигар як фазои таҳдиди афзоянда ҳифз шавад”. Дар паи ошӯби тарафдорони президенти собиқ Доналд Трамп ба бинои Капитол, ки бо натиҷаҳои интихоботи президентӣ ва пирӯзии Ҷо Байден норозӣ буданд, дар ҷомеаи ИМА як танише эҳсос мешавад. Мақомот аз он нигаронанд, ки тундгароҳои маҳаллии норозӣ аз маҳдудиятҳои пандемияи коронавирусу эҳтимоли шурӯи муҳокимаи импичменти Трамп дар Сенат дар ҳафтаи дуюми моҳи феврал метавонанд бо илҳом аз террористони хориҷӣ даст ба кадом амале бизананд. Маҷлиси намояндагони ИМА дар робита бо ҳамла ба Капитол Трампро дар “таҳрик ба ошӯб” муттаҳам кард. Вазорати адлияи ИМА дар робита бо ин ҳамла беш аз 150 нафарро боздошт намуд ва боз нисбати садҳо нафари дигар парвандаи ҷиноӣ ва тафтишотро ба роҳ монд.

Дипломати рус: Созиши силоҳ умеди шурӯи муколама бо Вашингтон  аст

Дмитрий Полянский, муовини сафири Русия дар СММ. Акс аз бойгонӣ

Муовини сафири Русия дар СММ гуфт, кишвараш умедвор аст, ки тамдиди созиши боздорандаи силоҳ миёни ИМА ва Русия метавонад оғози муколамаи стратегӣ миёни Маскаву Вашингтон шавад. Дмитрий Полянский рӯзи 27-уми январ гуфт, ки мувофиқаи президентони Русия ва ИМА – Владимир Путин ва Ҷо Байден дар бораи тамдиди панҷсолаи мӯҳлати созишномаи амалкунанда оид ба назорати силоҳҳои ҳастаӣ “мояи хушбинии бештар” аст. Айни замон, Полянский гуфт, ки ин тасмим мушкилоти мавҷуда дар равобити ду кишварро рафъ мекунад. Полянский, ки дар як нишасти матбуотии СММ сӯҳбат мекард, гуфт, Маскав “эҳтиёткор” аст, чунки бархе афрод дар тими сиёсати хориҷии маъмурияти ИМА бо худ “мероси муайяне” овардаанд.

Полянский аз касе мушаххасан ном набурд, вале номзади Байден ба мақоми муовини котиби давлатии ИМА Виктория Нуландро “шоҳин”-и Русия меноманд. Вале худи Нуланд дар як матлабе тобистони соли гузашта навишт, ки президенти баъдии ИМА бояд “як дафъаи дигар” бикӯшад бо Путин муколама барпо бикунад. Полянский гуфт, агар бархӯрди маъмурияти Байден ин бошад, ки “Русия як кишвари саркаш асту... бояд дар инзиво ва таҳти таҳрим бошад” ва дар масоили байналмилалӣ ҳеҷ тафоҳуме набошад, “фикр накунам, ки пешрафте ҳосил шавад”.

Баррасии аризаи бозбинии ҳукми ҳабси Навалний дар додгоҳ

27-уми январ. Дар зинапояи хонаи бародари Навалний - Олег як ходими амният пеши роҳи аксбардорро мегирад

Рӯзи 28-уми январ додгоҳе дар Русия аризаи бозбинии ҳукми ҳабси мунаққиди Кремлин Алексей Навалнийро баррасӣ мекунад. Рӯзи гузашта мақомот хонаи ӯро кофтукоб карданд. Леонид Волков, ёвари калони Навалний гуфт, ҳуқуқшиносони онҳо рӯзи 26-уми январ “ногаҳон” огаҳ шуданд, ки мурофиаи додгоҳии бозбинии ҳукми ҳабси 30-рӯзаи Навалний дар рӯзи панҷшанбе баргузор мешавад. Волков бо вуҷуди саркӯбҳои хушунатомези мақомот аз сокинони Русия даъват кард, ки рӯзи 31-уми январ ба намоишҳои нави эътирозӣ бароянд.

Дар ҷараёни кофтукоб дар шаҳри Маскав рӯзи 27-уми январ ходимони ниқобпӯши амният ҳам ба хонаи бародари ӯ Олег ва ҳам манзили иҷораи ҳамсараш Юлиа ворид шуданд. Инчунин, дафтари кории Бунёди зиддикоррупсияи Навалний ва студияи сабти баромадҳои Навалний мавриди кофтукоб қарор гирифт. Матбуоти Русия гуфт, ки хадамоти амниятӣ ҳамчун далели кофтукоб ва рейдҳо нақзи муқаррароти гигиении вобаста ба маҳдудиятҳои пандемияро баҳона оварданд. Аъзои тими студияи сабти баромадҳои Навалний дар Твиттер навишт, ки кофтукобҳо ғайриқонунӣ буд ва бо ҳадафи тарс додани онҳо дар пешорӯи эътирозҳои хиёбонии 31-уми январ ташкил шудааст.

Transparency International: Дар давраи пандемия норизоият зиёд шуд

Июни соли 2020, Душанбе

Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ (Transparency International) дар гузориши тозае дар бораи фасод дар кишварҳои ҷаҳон гуфтааст, ки дар аҳди пандемияи COVID-19 мудирияти номуносиб, ришвахории густурда, дар кишварҳои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, норозигии иҷтимоиро зиёдтар кардааст. Дар ин раддабандӣ бо номи “Дарки фасод”, ки ҳар сол нашр мешавад, Тоҷикистон дар байни 180 кишвар дар яке аз мақомҳои поинтарин дар зинаи 149-ум қарор дорад. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи муаллифони гузориш, Тоҷикистон аз соли 2012 то кунун аз назари мубориза бо фасод се имтиёз ба даст овардааст. Дар гузориш омадааст, пандемияи COVID-19 барои раҳбарони худкома баҳонае пеш овард, ки назорат бар фаъолият ва хароҷоти ҳукуматро кам карда ва озодиҳои мадании мардумро маҳдуд кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон пайваста гуфтааст, ки мубориза бо фасоду ришвахорӣ яке аз авлавиятҳои кори ҳукумат аст, вале эътироф кардааст, ки ин зуҳуроти манфӣ дар тамоми сатҳҳо вуҷуд дорад ва ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад.

3 ҳазор қурбонии бештар дар Афғонистон

Урузгон. Дар ҳамлаи мусаллаҳона се нафар маҷрӯҳ шуд

Кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башар дар Афғонистон мегӯяд, бо вуҷуди роҳандозии музокироти сулҳ бо Толибон дар Қатар дар соли гузашта, талафоти ғайринизомиён дар ҷангу хунрезиҳо 3 ҳазор нафар зиёдтар шудааст. Кумиссиюн рӯзи 27-уми январ дар гузориши солонааш гуфт, соли 2020 дар ҳамлаву бомбгузориву муноқишаҳо дар Афғонистон 8500 ғайринизомӣ кушта ва ё захмӣ шудаанд. Теъдоди ҳалокшудагон аз ин миён бештар аз 2800 нафарро ташкил медиҳад. Дар умум теъдоди осебдидагон, ки дар соли 2019 ба 10 ҳазор нафар расидааст, дар соли 2020 коҳиш ёфтааст. Нисфе аз талафоту захмиён бинобар ҳамлаву бомбгузориҳои Толибон будааст. Понздаҳ дар сад дар натиҷаи амалкардҳои неруҳои давлатии Афғонистон ва неруҳои хориҷӣ осеб дида ва ё кушта шудаанд. Бақия аз дасти ДОИШ ва дигар унсурҳои номаълум ҷабр дидаанд. Дар чанд моҳи гузашта, чандин нафар аз хабарнигорон, кормандони давлат, ҳомиёни ҳуқуқ дар Афғонистон кушта шуданд ва мақомоти Афғонистону Амрико сӯиқасдҳоро кори дасти Толибон номидаанд. Ин ҳамлаҳову бомбгузориҳои афзоянда барои музокироти ҳукумат бо Толибон, ки моҳи сентябр оғоз ёфт, хатар эҷод кардааст.

Ду бонки байналмилалӣ барои беҳбуди бахши тандурустии Тоҷикистон $12 млн ҷудо карданд

Бинои порлумони Тоҷикистон.

Порлумони Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ созишномаҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон бо ду бонки байналмилалиро барои беҳбуди хизматрасониҳои тиббӣ тасвиб кард.

Бар асоси ин созишномаҳо, барои беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ 12 миллион доллар ҷудо карда мешавад, ки 10 миллион доллари он ба Бонки ҷаҳонӣ ва боқимонда ба Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд рост меояд.

Маҷидӣ Юсуф, муовини вазири молияи Тоҷикистон ҳангоми муаррифии лоиҳа гуфт, ки тарҳҳои беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ 16 ноҳияи Тоҷикистонро фаро мегирад ва тибқи он, муҷаҳҳазгардонии беморхонаҳо дар назар аст.

Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ татбиқи ин созишнома дар шароити КОВИД-19-ро муҳим донист.

Дар назар аст ин барнома то соли 2023 амалӣ шавад.

Бемории СОVID-19, ки ба гуфтаи мақомоти расмӣ, то ҳол ба 13308 кас дар Тоҷикистон сироят карда ва 90 курбонӣ доштааст, интиқодҳоеро аз амалкардҳои бахши тандурустии Тоҷикистон ба дунбол дошт.

Дар гузашта низ созмонҳои байналмилалӣ барои беҳбуди бахши тандурустии Тоҷикистон кӯмакҳо ироа карда буданд. Дар даврони пандемия ҳам бархе кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон васоилу таҷҳизоти тиббӣ доданд.

AI: мақомоти Беларус иттиҳомоти шиканҷаро таҳқиқ накарданд

Тазоҳуроти Белорус. 23 январи 2021.

Созмони Афви байнулмилал (Amnesty International) дар гузорише, ки 27-уми январ нашр шуд, гуфт, мақомоти Беларус иттиҳомоти шиканҷа шудани ширкатдорони намоишҳои эътирозиро таҳқиқ накарданд.

Гузориш мегӯяд, ҳеҷ як нафари дастдошта дар шиканҷаву бадрафторӣ бо эътирозгарони натиҷаҳои интихоботи 9-уми августи порсол ва талабгори истеъфои Александр Лукашенко ба ҷавобгарӣ кашида нашуд ва бо ҳамин далел, ба қавли созмон, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои барои таъмини адолат иқдом кунад.

Марие Струзерс, раиси бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Amnesty International гуфт, бори дигар барои таҳқиқи иттиҳоми шиканҷа шудани боздоштшудаҳо даъват ба амал меорад, "ҳарчанд умеди кам аст, ки низоми ҳомии пинҳон мондани кори пулис ва ҳатто ташвиқкунандаи озору хушунат алайҳи қурбониҳо даст ба чунин кор бизанад".

Дар гузориш омадааст, ки мақомоти Беларус эътироф карданд, ки аз қурбониёни озори кормандони ҳифзи қонун 900 шикоят дарёфт кардаанд, вале ҳеҷ яки ин ҳолатҳо тафтишу таҳқиқ нашудааст. Бар иваз, мақомот ширкатдорони намоишҳои эътирозиро бо иттиҳоми хушунат алайҳи полис ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Қурби доллар дар бозори "сиёҳ"-и Туркманистон боло рафт

Дар бозорҳои вилоятҳои Туркманобод ва Фороби Туркманистон болоравии доими қимати маҳсулот мушоҳида мешавад. Қимати маҳсулот баробари болоравии арзиши доллари ИМА меафзояд.

Ба иттилои хабарнигорон, субҳи 27 январ доллар дар бозори сиёҳ 29 манату 80 танга қимат дошт, аммо баъди нисфирӯз ба 30 манату 30 танга расид. Болоравии қимати доллар боиси гароншавии маҳсулот дар бозорҳои Туркманистон шудааст.

Бонки марказии Туркманистон қурби расмии долларро дар баробари асъори миллӣ дар сатҳи 3,5 манат барои 1 доллар нигаҳ медорад. Аммо дар бозори сиёҳ фарқият бештар аз 8 маротиба аст.

Эътирози думоҳаи кишоварзони Ҳинд ба хушунат печид

Ҳинд, 26-уми январ, саҳнае аз эътирозҳои кишоварзон

Дар паи ду моҳи эътирозҳои кишоварзону деҳқонони Ҳинд алайҳи ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ рӯзи 27-уми январ шаҳри Деҳлӣ таҳти чораҳои шадиди амниятӣ гирифта шуд. Дар ин рӯз ҳазорҳо кишоварзон бо ходимони полис вориди даргирӣ шуданд. Дар задухӯрдҳо як эътирозгар кушта ва даҳҳо ходими полис маҷрӯҳ шуданд. Раҳбарони эътирозҳо бархе афроди хушунатпешаро дар сар задани ин ҳодиса гунаҳгор карда гуфтанд, ки раҳпаймоии эътирозии худро идома медиҳанд. Аз моҳи ноябр ба ин сӯ даҳҳо ҳазор кишоварзон даст ба эътироз зада мегӯянд, ки бо ислоҳоти низоми кишоварзӣ розӣ нестанд. Ҳукумат гуфт, ки ислоҳот ба либерализатсияи соҳа, сабук кардани қоидаҳои фурӯши маҳсулот, нархгузорӣ ва захираи маҳсулоти истеҳсолшуда ба хотири ҳимоят аз манфиатҳои кишоварзон равона шудааст. Вале кишоварзон тарс доранд, ки қонунҳои нав онҳоро дар муқобили ширкатҳои хусусӣ заъфпазир мекунад.

Маскав хост, Вашингтон ба созиши ҳастаӣ бо Теҳрон баргардад

Вазирони хориҷаи Эрон ва Русия дар Маскав мулоқот карданд

Маскав дар ҳамовозӣ бо Теҳрон аз президенти ИМА Ҷо Байден даъват, ки таҳримҳои сахти иқтисодии боршуда ба Ҷумҳурии Исломӣ бардошта шаванд, то ки созиши ҳастаии ин кишвар бо қудратҳои ҷаҳонӣ нигоҳ дошта ва барномаи ҳастаияш таҳти назорат бошад. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 26-уми январ дар вохӯрӣ бо ҳамкори эрониаш Муҳаммад Ҷавод Зариф дар Маскав гуфт, ки мавзеъгирии Теҳронро пуштибонӣ мекунад ва таҳримҳо бояд бардошта шаванд, то Эрон ба иҷрои шартҳои созишнома баргардад.

Президенти пешин Доналд Трамп соли 2018 аз созишномаи ҳастаии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон берун шуд ва тирамоҳи он сол таҳримҳои сахттари иқтисодиро ба Эрон бор кард. Ин сабаб шуд, ки, Теҳрон оҳиста-оҳиста аз иҷрои шартҳои созиши соли 2015 имзошуда саркашӣ кунад. Ҷо Байден, президенти нави ИМА ваъда додааст, ки Вашингтон дубора ба созишномаи қудратҳои ҷаҳонӣ бо Теҳрон хоҳад баргашт.

ИМА таҳрими масъулони Додгоҳи Гаагаро бозбинӣ мекунад

Гаага - қароргоҳи Додгоҳи байналмилалии Гаага

Сухангӯи Департаменти давлатӣ рӯзи 26-уми январ гуфт, ки маъмурияти Байден таҳримҳои ИМА болои Додгоҳи ҷиноятҳои байналмилалӣ ҷоришуда бо сабаби таҳқиқи қонуншиканиҳои низомиёни амрикоӣ дар Афғонистонро бозбинӣ мекунад. Тасмими ҷорӣ кардани таҳрим ва манъи сафар ба ИМА барои кормандону масъулони додгоҳ, ки гуфт, ҷиноятҳои низомиёну кормандони амниятии амрикоиро дар Афғонистон таҳқиқ мекунад, соле пеш аз ҷониби маъмурияти президент Доналд Трамп гирифта шуд. Маъмурияти Трамп он замон трибунали Гаагаро ба нақзи соҳибихтиёрии миллии ИМА айбдор кард. ИМА созишномаи Рум дар бораи таъсиси ин додгоҳ дар соли 2002-ро имзо накардааст. Сухангӯи Департаменти давлатӣ дар посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “Бо вуҷуди ин ки мо дар заминаи иқдомҳои Додгоҳи ҷиноятҳои байналмилалӣ дар нисбати вазъ дар Афғонистон ва Исроилу Фаластин розӣ нестем, таҳримҳо бозбинӣ хоҳанд шуд”. Ба иловаи таҳқиқи эҳтимоли ҷиноятҳои ҷангӣ дар Афғонистон, ин додгоҳ соли 2019 эҳтимоли содир шудани ҷиноятҳои ҷангӣ дар қаламравҳои Фаластиниро таҳқиқ мекунад, ки аз ҷумла, марбут ба нирӯҳои исроилӣ хоҳад буд.

G7 Русияро барои ҳабси Навалний маҳкум кард

Ин созмон дар гузашта Гурӯҳи ҳаштгона ном дошт, вале баъди аз сафи он берун кардани Русия барои ғасби Қрим ва пуштибонии ҷудоиталабон дар шарқи Украина, ба Гурӯҳи ҳафтгона табдили ном кард

Вазирони хориҷаи кишварҳои узви Гурӯҳи ҳафтгона Русияро барои боздошти “дорои ангезаҳои сиёсии” мунаққиди Кремлин Алексей Навалний ва ҳам “саркӯби хушунатомези” эътирозгарони озодии ӯ маҳкум ва озодии ӯро талаб карданд. Дар изҳороти муштараки рӯзи 26-уми январе, ки вазирони хориҷаи Канада, Фаронса, Олмон, Итолиё, Ҷопон, ИМА ва Бритониё имзо карданд, боздошти “риққатангез”-и Навалний интиқод ва озодии “билофосилаву беқайдушарти” ӯ тақозо шудааст. Дар изҳорот ёдоварӣ шудааст, ки Русия бояд мутобиқ ба тааҳҳудоти байналмилалии худ дар заминаи таъмини ҳуқуқи башар амал кунад. Навалний рӯзи 17-уми январ дар фурудгоҳи Шереметево ҳангоми бозгашт аз Берлин боздошт шуд. Ӯ аз августи соли 2020 дар як беморхонаи Олмон аз осори заҳролудшавӣ табобат мегирифт. Озмоишҳои аврупоӣ собит карданд, ки Навалнийро бо заҳри навъи низомии “Новичок” заҳролуд кардаанд. Навалний гуфт, ки президент Владимир Путин амр додааст, ки ӯро заҳролуд кунанд, вале Кремлин ин иттиҳомотро бепояву асос мехонад.

Навалний бо ҳукми додгоҳ ба 30 рӯзи ҳабс маҳкум шуд ва акнун барои нақзи ҳукми шартии зиндон аз соли 2014 оид ба фасод ба ӯ 3,5 соли ҳабс таҳдид мекунад.

Тихановская хостори бархӯрди "боҷасорат ва шадидтар"-и Ғарб нисбат ба Лукашенко шуд

Светлана Тихановская баъд аз зиндонӣ шудани ҳамсараш дар остонаи интихоботи президентии Беларус, номзадии худро пешбарӣ кард. Мақомот гуфтанд, ӯ ва дигарон дар муқобили Александр Лукашенко мағлуб шуданд, вале Тихановская инро қабул надорад

Раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская аз Иттиҳоди Аврупо ва Амрико хост, ки нисбат ба Александр Лукашенко бархӯрди "боҷасорат ва шадидтаре" ба кор баранд.

Лукашенко аз соли 1994 дар сари қудрат аст ва эълони пирӯзии ӯ дар интихоботи президентии моҳи августи соли 2020 боис ба норизоияти сартосарии мардум ва эътирозу раҳпаймоиҳо шудааст.

Тихановская рӯзи 27-уми январ аз Литва истода дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо суханронӣ кард ва хост, ин ниҳод бахши чоруми таҳримҳои худ нисбат ба режими Лукашенко ва муттафиқонашро ҷорӣ кунад.

Ӯ, инчунин, таҳқиқи байналмилалии мавридҳои нақзи ҳуқуқи инсон ва ҳам “террорист” хондани омилони ин ҳодисаҳоро тақозо кард. Тихановская гуфт, вокуниши ҷаҳон “ҳамоно хеле нарм аст".

Лукашенко ва ниҳодҳои қудратии Беларус дар амри пахши эътирозҳо ба боздошту азияти эътирозгарон даст заданд, вале ин чиз бисёриҳоро аз роҳ нагардондааст. Худи Лукашенко мегӯяд, ки кори баде накардааст ва то ҳол омода нашуд бо мухолифонаш вориди музокирот шавад.

"Биноияш суст шуда, сутунмуҳрааш осеб дидааст." Мурофиаи Маҳмурод Одинаев шуруъ шуд

Акси Маҳмурод Одинаев ва писараш Ҳабибулло Ризоев

Дар Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ба муҳокимаи Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва писараш, Ҳабибулло Ризоев, оғоз кардаанд.

Одинаеви 59-сола ба авбошӣ ва даъвати ом ба ифротгароӣ гумонбар аст, аммо ба қавли наздиконаш дар мурофиаи аввал айбномаро беасос донистааст. Писараш Ҳабибулло Ризоев ба авбошӣ муттаҳам аст ва бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ мебошад.

Як намояндаи Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ бо шарти зикр накардани номаш рӯзи 27-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи Маҳмурод Одинаев ва писараш ду рӯз пеш шуруъ шуда, "ба таври боз идома дорад".

Ӯ гуфт, "дар рӯзи аввали мурофиа ошноии айбдоршавандаҳо бо парванда сурат гирифт. Рӯзи 26-уми январ суолу ҷавоби шоҳидон ва кормандони Комиссариати ҳарбӣ баргузор шуд. Дар толори мурофиа пайвандони онҳо ва чаҳор шоҳид ҳузур доштанд".

Меҳрнигор Ризоева, ҳамсари Маҳмурод Одинев, мегӯяд, пеш аз шурӯи мурофиа бо ӯ чанд дақиқа суҳбат доштааст. "Шикоят кард, ки биноии чашмаш суст шуда, сутунмуҳрааш осеб дидааст", -- нақл кард Ризоева.

Мақомот ҳамагуна фишор ё шиканҷа ба зидди Маҳмурод Одинаевро рад мекунанд.

Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, ки дар курсии айбдорӣ нишастааст, рӯзи 27-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, вакили мудофеи мустақил надоранд ва дар мурофиа айбномаро рад карданд.

Маҳмурод Одинаевро рӯзи 5-уми декабри соли гузашта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд. Намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ба зидди ӯ 20-уми ноябр бо гумони "авбошӣ" парванда кушода буданд ва бо сабаби он ки ба бозпурсӣ ҳозир нашуд, маҷбурӣ боздошт карданд.

Мақомот ӯро ба он муттаҳам карданд, ки рӯзи 29-уми октябри соли 2020 бо ҳамсари собиқаш Меҳрнигор Ризоева ва писараш Ҳабибулло Ризоев дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор "тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст."

Пайвандони Маҳмурод Одинеав дар назди Комиссариати ҳарбӣ будани ӯро тасдиқ мекунанд, вале мегӯянд, он рӯз ба зидди, ба гуфтаи онҳо, ғайриқонунӣ ба артиш ҷалб шудани писараш, эътироз карда буд.

Дертар Одинаевро ба даъвати ом ба ифротгароӣ муттаҳам карданд, аммо ҷузъиёти онро шарҳ надоданд.

Айни замон Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари дигари Маҳмурод Одинаев дар боздошт аст ва ба авбошӣ муттаҳам мешавад.

Мухолифон боздошту эълони иттиҳом ба зидди Маҳмурод Одинаев ва писаронашро тарҳрезишуда меноманд ва бештар ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва танқидҳои пайвастааш аз кори ҳукумат рабт медиҳанд. Ӯ пеш аз боздошт фаъолияти мақомот ва ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард ва моҳи ноябри соли гузашта дар "Фейсбук" навишт, ки мардумро ба тазоҳурот даъват мекунад.

Рӯзи 13-уми январи имсол Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузорише Тоҷикистонро ба "зиндонӣ кардани мунаққидони ҳукумат, аз ҷумла фаъолони мухолифин ва журналистон бо ангезаҳои сиёсӣ" танқид кард. Мақомот ба дурустии кори худ ва сиёсӣ набудани қазияҳо таъкид доранд.

Дума бо тамдиди 5-солаи созиши боздорандаи силоҳҳо розӣ шуд

Думаи давлатии Русия палатаи поёнии парлумон мебошад

Дар Русия вакилони маҷлис бо тамдиди панҷсолаи мӯҳлати созиши New START розӣ шуданд, ки ҳамчун қарордоди боздорандаи силоҳҳои ҳастаӣ маъруф аст ва як санади муҳими миёни Маскаву Вашингтон ба шумор меравад. Думаи давлатӣ дар овоздиҳии рӯзи 27-уми январ бо раъйи оро ба тамдиди санад мувофиқат кард. Ин созишнома соли 2010 имзо шуда, мӯҳлати иҷрояш ҳафтаи оянда ба охир мерасад. Бар асоси шартҳои ин созишнома, Русия ва ИМА шумори кулоҳакҳои ҳастаӣ, мушакҳо ва бомбафканҳои худро дар миқдори муайян нигоҳ медоранд. Як рӯз пеш аз ин Русия ва ИМА эълон карданд, ки созишнома дароз карда мешавад ва барои ин ризоияти Конгресси ИМА лозим нест.

Ҷумҳурихоҳҳо моил нестанд. Арзёбиҳои нахустини аъмоли Трамп дар Сенат

Бо сабаби хушунатҳои сарзада аз ҷониби тарафдорони Трамп, маросими савгандёдкунии Ҷо Байден дар мақоми президенти нави ИМА дар чораҳои шадиди амниятӣ гузашт. Акс аз 19 январ

Дар овоздиҳии расмии пеш аз шурӯи муҳокимаи импичменти президенти собиқ Доналд Трамп бараъло дида шуд, ки барои муҳокимаи амалҳои ӯ дар робита бо иттиҳоми таҳрики ошӯб дар Капитол шумори зарурии ҷумҳурихоҳҳо овоз намедиҳанд. Сенати ба раҳбарии демократҳо рӯзи 26-уми январ талошҳои қатъи муҳокимаи Трампро бекор кард, вале айни замон танҳо панҷ узви ҳизби ҷумҳурихоҳ ба 50 узви ҳизби демократ дар Сенат аз ин чиз пуштибонӣ карданд. Барои шурӯи ҷараёни импичмент ба иловаи 50 раъйи демократҳо ҳадди аққал 17 раъйи ҷумҳурихоҳҳои Сенат лозим мешавад. Ин овоздиҳӣ аломати рӯшани он аст, ки на ҳама ҷумҳурихоҳҳо тарафдори муҳокима шудани Трамп мебошанд. Бархе мухолифони муҳокимаи Трамп ин амалро ба хотири дигар сари қудрат набуди ӯ ғайрконститутсионӣ номиданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки бисёр ҷумҳурихоҳҳо Трампро маҳкум карданд, аммо на ҳама омода ҳастанд, ки ӯро барои таҳрики хушунатҳои 6-уми январ ба ҷавобгарӣ кашанд. Дар он ҳодисаҳо 5 нафар ҷони худро аз даст дод.

Роҳкирои Хуҷанд - Душанбе боло рафт. Аз барфи калон ё нархгузории вазорат? ВИДЕО

Таксиҳои масири Хуҷанд - Душанбе

Онҳое, ки ин шабу рӯз аз вилояти Суғд ба Душанбе сафар мекунанд, аз боло рафтани қимати роҳкиро шикоят доранд. Агар чанд рӯз пеш онҳо метавонистанд бо 50-80 сомонӣ аз Хуҷанд ба Душанбе расанд, акнун роҳкиро то 130-150 сомонӣ расидааст.

Паймон Ҳоҷибоев, донишҷӯи тоҷик, рӯзи 26-уми январ гуфт: “Нишастан дар қатори сеюмро 100 сомонӣ мегӯянд. Мо чун донишҷӯ ҳастем, каме арзон бошад, беҳтар аст. Масалан 70 ё 80 сомонӣ”.

Анвар, мусофири дигар мегӯяд: “Ҳар бор нарх ҳар хел мешавад. Ҳозир нархро аз 120 то 150 сомонӣ гуфта истодаанд. Лекин аз он тараф арзонтар, аз 50 то 80 сомонӣ, меоранд.”

Мусофирон ин афзоишро ба оғози таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо рабт медиҳанд, ронандаҳо мегӯянд, барфбории шадиди чанд рӯзи охир ҳаракати нақлиётро дар шоҳроҳи Хуҷанд - Душанбе душвор кардааст.

Шӯҳрат Сангинов, ронанда такси дар масири Хуҷанд – Душанбе гуфт: “Агар 6 мусофир бигирем, 600 сомонӣ мешавад. 300 километр меравем. 40 литр газ 160 сомонӣ аст ва 55 сомонӣ тарозупулӣ медиҳем. Вақте ба ин роҳи дур меравему 300 сомонӣ фоида намекунем, чӣ хел кор кунем?”

Дар ҳамин ҳол масъулони “Терминали Суғд” гуфтанд, гароншавии роҳкиро дар фасли зимистон мувофиқ ба нархгузориҳои Вазорати нақлиёт вобаста аст. Бино ба фармони вазири нақлиёт, роҳкирои як километри роҳи Хуҷанд -Душанбе 2,5 сомонӣ муайян шудааст. Барои як нақлиёт аз рӯи ин нишондод 750 сомонӣ рост меояд.

Марҳабо Юсуфова, муҳосиби “Терминали Суғд” гуфт: “Агар мошини чаорнафарӣ бошад, ин ба 187 сомонӣ рост меояд ва агар шашнафарӣ бошад, барои ҳар як мусофир 125 сомонӣ рост меояд. Мо тибқи ҳисоби миёна дар фасли гармо аз 100 то 120 сомонӣ маълумотнома пешниҳод мекунем ва дар фасли сармо аз 130 то 150 сомонӣ муайян кардаем”.

Вале мусофирон мегӯянд, дар баъзе ҳолат мусофиркашонҳо аз меъёри муайянкардаи Вазорати нақлиёт низ зиёдтар пул мегиранд. Ба гуфтаи онҳо, дар ҳамин чанд рӯзи охир роҳкиро аз ҷониби Хуҷанд то Душанбе ба марзи 200 сомонӣ ҳам расида буд.

Шӯҳрат Сангинов, ронандаи такси мегӯяд: “Нархи роҳкиро фақат як рӯз 200 сомонӣ шуд, чунки рӯзи якшанбе буд ва аз Хуҷанд зиёд мусофирон ба Душанбе рафтанд. Ҳам пеш аз он барф борида буд ва роҳҳо вазнин гардид. Агар аз як тараф 100 сомонӣ равему аз он тараф холӣ оем, фоида нест. Одам ҳар қадар зиёд шавад, ҳамон андоза раҳкиро ҳам қиммат мешавад”.

Масъулони назорати нарх дар роҳҳо мегӯянд, роҳпулии мусофиронро ронандаҳое баланд мекунанд, ки ғайриқонунӣ фаъолият мебаранд ва аз зиёдшавии мусофирон истифода мекунанд. Онҳо мегӯянд, на ҳама кирокашҳо санади лозимии кору молиётсупориро доранд ва назорати пурраи онҳо ғайриимкон аст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Нархи роҳкиро дар масири Хуҷанд-Душанбе гарон шуд, чаро?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Amnesty International: мақомоти Беларус иттиҳомоти шиканҷаро таҳқиқ накарданд

Созмони Афви байнулмилал (Amnesty International) дар гузорише, ки 27-уми январ нашр шуд, гуфт, мақомоти Беларус иттиҳомоти шиканҷа шудани ширкатдорони намоишҳои эътирозиро таҳқиқ накарданд. Гузориш мегӯяд, ҳеҷ як нафари дастдошта дар шиканҷаву бадрафторӣ бо эътирозгарони натиҷаҳои интихоботи 9-уми августи порсол ва талабгори истеъфои Александр Лукашенко ба ҷавобгарӣ кашида нашуд ва бо ҳамин далел, ба қавли созмон, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои барои таъмини адолат иқдом кунад. Марие Струзерс, раиси бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Amnesty International гуфт, бори дигар барои таҳқиқи иттиҳоми шиканҷа шудани боздоштшудаҳо даъват ба амал меорад, “ҳарчанд умеди кам аст, ки низоми ҳомии пинҳон мондани кори полис ва ҳатто ташвиқкунандаи озору хушунат алайҳи қурбониҳо даст ба чунин кор бизанад”.

Дар гузориш омадааст, ки мақомоти Беларус эътироф карданд, ки аз қурбониёни озори кормандони ҳифзи қонун 900 шикоят дарёфт кардаанд, вале ҳеҷ яки ин ҳолатҳо тафтишу таҳқиқ нашудааст. Бар иваз, мақомот ширкатдорони намоишҳои эътирозиро бо иттиҳоми хушунат алайҳи полис ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Фаъолон: Бархе муҳоҷирон бо ҳар роҳ мехоҳанд ба Русия баргарданд

Аз аз соли 2015

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, бинобар баста будани марзҳо ва барқарор нашудани парвозҳои доимӣ байни Тоҷикистону Русия, муҳоҷирони тоҷик бо ҳар васила, ҳатто бо роҳҳои ғайриқонунӣ кӯшиш мекунанд худро ба Русия расонанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ин охирҳо ҳолатҳое низ зиёд будааст, ки баъзе мусофирони парвозҳои чартериро, ки аз Тоҷикистон ба Русия расиданд, нагузоштанд аз дохили фурудгоҳ ба шаҳр ворид шаванд. Муҳаммад Собиров, як ҳуқуқшиноси созмони “Тонг ҷаҳонӣ” дар Маскав мегӯяд, тақрибан як ҳафта пеш марзбонони Русия зиёда аз 100 нафарро, ки барои ворид шудан ба Русия далеле надоштанд, бозпас фириситоданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, яке аз сабабҳои роҳ наёфтани ин мусофирон ба хоки Русия, тақаллубӣ будани варақаҳои тиббии онҳо будааст. Баъзе аз ин шаҳрвандон то бозпас фиристоданашон ба ватан ду ҳафта дар фурудгоҳи Маскав банд монда маҷбур шуданд, шабҳоро дар курсиҳои фурудгоҳ бидуни шароити беҳдоштӣ рӯз кунанд. Дар байни онҳо занон ва кӯдаки хурдсол низ будаанд. Ҳоло яке аз роҳҳои вуруд ба Русия ин табобат дар муассисаҳои беҳдоштии ин кишвар аст. Гуруҳе аз шаҳрвандон бо истифода аз ин имконият ҳуҷҷатҳои қалбакии тиббиро пешниҳод мекунанд. Ҳарчанд ба ин мусоифрон билет фурӯхта мешавад, вале марзбонон дар фурудгоҳҳои Русия ин ҳуҷҷатҳои тиббиро мӯшикофона тафтиш мекунанд. Дар сурате, ки агар қалбакӣ будани ҳуҷҷатҳо ошкор шавад, соҳиби онро иҷозати вуруд ба Русияро намедиҳанд. Онҳое, ки ин шабу рӯз барои табобат ба Русия мераванд, дар асоси ҳуҷҷатҳои тиббӣ ҳаққи дарёфти иҷозати корро надоранд ва бояд баъди гирифтани муолиҷа ба ватан баргарданд.

Русия макони асосии кору даромади садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки дар ватан аз бекорӣ азият мешаванд ва пандемияву маҳдудияти сафар ба вазъи иқтисодии хонаводаҳои зиёд дар дохили кишвар таъсиргузор шудааст. Президент Эмомалӣ Раҳмон 26-уми январ дар паёми солонааш гуфт, ки дар соли 2020 бо сабаби баста будани роҳҳо, ҳудуди 80 дарсади муҳоҷирони тоҷик натавонистаанд ба хориҷ раванд.

Дар соли COVID-19 аз вилояти Маскав 400 муҳоҷир ихроҷ шудааст

Як қароргоҳи депортатсионӣ дар Русия

Дар давраи ҳамагирии COVID-19 аз вилояти Маскав беш аз 400 шаҳрванди хориҷиро ихроҷ кардаанд, ки аксарашон шаҳрвандони Узбекистон будаанд. Ба гуфтаи намояндаи хадамоти матбуоти Саридораи амнияти минтақавӣ, аз 1-уми март то 31-уми декабри соли 2020 - 404 муҳоҷир аз ҳисоби Русия ба ватанашон фиристода шуданд. Бештари онҳо узбек буда, ҳамагӣ 8 дарсадро муҳоҷирони тоҷик ташкил додаанд. Мақомоти муҳоҷират ва ҳифзи қонуни Русия, ки бо шеваи зӯроварона ва дурушти бархӯрд бо муҳоҷирон маъруфанд, дар солҳои пеш аз пандемияи коронавирус шумори бештари муҳоҷиронро барои нақзи қонунҳои ин кишвар ихроҷ мекарданд.

Мақомот гуфтанд, ҳукми ихроҷ дар нисбати онҳое татбиқ шудааст, ки бидуни асос дар қаламрави Русия қарор доштанд ва ё даст ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ задаанд. Ҳоли ҳозир боз 36 муҳоҷири дигар дар марказҳои муваққатии нигаҳдории хориҷиён ҳастанд, то ки бо парвозҳои чартерӣ ба ватан интиқол ёбанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG