Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Намангон ба сегоникҳо номи ҳамсар ва духтарони Мирзиёевро гузоштанд


Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Як ҷуфт аз ноҳияи Чартаки вилояти Намангони Узбекистон Аҳмадҷон Қодиров ва Одинахон Алтимешова ба духтарони сегоникашон номҳои ҳамсар ва духтарони президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёевро гузоштаанд.

Муовини аввали раиси Чартак Акмалҷон Умрзақов гуфт, намояндагони ҳукумати ноҳия ба аёдати сегоникҳо - Зироатхон, Саида ва Шаҳноза рафта, туҳфаҳо тақдим кардаанд. "Ин ҷуфт се духтар доштанд ва ҳоло шаш духтарро тарбия мекунанд. Бинобар ин, намояндагони ҳукумат ба аёдати онҳо рафта, туҳфаҳои сармоягузоронро расонданд",-афзуд ӯ.

Ин бори аввал нест, ки волидони сегоникҳо дар Узбекистон ба фарзандони худ номи раисҷумҳурро мегузоранд. Соли 2017 хонаводаи Мансурбек Отаҷонови 29-сола аз ноҳияи Гурлани вилояти Хоразм низ соҳиби сегоник шуда, номи онҳоро Шавкату Мирамон ва Мирзиё гузошта буданд. Моҳи апрели имсол Ҷамшед Шодиев, сокини Бухоро низ сегоникҳои худро чунин номгузорӣ карда буд.

Дар замони раёсати Ислом Каримов, президенти собиқи Узбекистон барои сегоникҳо гузоштани исми Ислом, Карим ва Абдулғанӣ одат шуда буд. Се сол пеш сегоникҳоро, ки дар вилояти Андиҷон таваллуд шуда буданд, Исломҷон, Абдулғанӣ ва Каримҷон ном гузошта буданд.

XS
SM
MD
LG