Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон 84 шаҳрвандашро аз Вуҳон берун овард


Фурудгоҳи байналмилалии Вуҳан. 1-уми феврали соли 2020.
Фурудгоҳи байналмилалии Вуҳан. 1-уми феврали соли 2020.

Ширкати ҳавопаймоии "Узбекистон ҳаво йулларӣ" рӯзи 5-уми феврал 84 шаҳрванди ин кишварро аз Вуҳони Чин ба шаҳри Тошканд овард.

Расонаҳо менависанд, шаҳрвандони овардашуда дар бемористон бистарӣ ва ба карантин гирифта шудаанд.

Ҳамзамон рӯзи 4-уми феврал 250 тан аз шаҳрвандони Узбекистон тавассути парвози чартерӣ аз Чин ба Тошканд оварда шуданд. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ҳамаи мусофирон дар муассисаҳои тиббӣ бистарӣ ва зери назорат ҳастанд.

Бино ба иттилои охир, шумори қурбониёни вируси нав дар Чин ба 500 тан расида, теъдоди умумии гирифтонрон аз марзи 24 ҳазор кас гузаштааст.

XS
SM
MD
LG