Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, бозии хонагиашро дар плей-оффи Ҷоми АFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020 рӯзи чоршанбеи 26-уми феврал дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор мекунад. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин манбаъ, бозӣ бо дархости бошгоҳи футболи «Хуҷанд» бинобар омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд ба Душанбе гузаронида шуд.
“Хуҷанд” бо раҳбарии сармураббӣ Никола Лазаревич, мутахассиси сербиягӣ, дар плей-оффи Ҷоми AFC-2020 бо ғолиби бозиҳои даври пешакӣ «Нефтчӣ»-и Қирғизистон ва «Аҳал»-и Туркманистон рақобат мекунад.
Бозии аввали даври пешакии Ҷоми AFC-2020 миёни дастаҳои «Нефтчӣ»-и Қирғизистон ва «Аҳал»-и Туркманистон бояд 5-уми феврал дар Ҷалолобод баргузор мешуд. Вале дастаи меҳмон, ноиби қаҳрамони Туркманистон - «Аҳал» - ба Қирғизистон наомад.
Ба иттилои расонаҳои хабарии Қирғизистон, «Аҳал» аз Конфедератсияи футболи Осиё хоҳиш кардааст, бозӣ ба иллати авҷ гирифтани коронавирус дар Чин, ки бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст, ба муҳлати дигар гузаронида шавад. Вале дар AFC посух додаанд, ки ҳеҷ таҳдиде вуҷуд надорад ва бозӣ бояд дар муҳлати муқарраршуда доир гардад.
Тасмими ниҳоиро дар бораи бозии доирнашуда Конфедератсияи футболи Осиё хоҳад гирифт.
«Хуҷанд» аввалин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми АFC-2020 рӯзи 19-уми феврал дар сафар ва бозии ҷавобиро 26-уми феврал дар майдони худ анҷом медиҳад.
Дар мавриди пирӯзӣ «Хуҷанд» ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи қитъавӣ мушарраф шуда, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Алтин Асир» (Туркманистон) ва «Дордой» (Қирғизистон) рақобат мекунад.
Ҷоми AFC-2020
Минтақаи Марказӣ
Плей-офф. Бозии аввал
19-уми феврал (чоршанбе)
Ғолиби ҷуфти «Нефтчӣ» (Қирғизистон)/«Аҳал» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)
Плей-офф. Бозии ҷавобӣ
26-уми феврал (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – Ғолиби ҷуфти «Нефтчӣ» (Қирғизистон)/«Аҳал» (Туркманистон)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Офарин! Тасмимҳои олӣ баҳри бо шукуҳ ҷашн гирифтани 20 солагӣ. Рост омадани 20 солагӣ ин фурсатест, ки Тоҷикистон дар он метавонад тавоноӣ ва потенсиали худро муарифӣ кунад.
Шумо акабмондахои зехни то аз хазор як дар сади хизмати самаркандиву бухороиву хучандиро барои тамаддуни точику форс мекунед ки хазорсолахо мегузарад. Шумо ки бо шикасти Бухорову Самарканд сохиби эзор шудед ин кадар налофед замона яксон намемонад. Барои як Осими ва ё Айни ва ё Турсунзодаи Самарканди ва ё Лоику хазорон нафари дигар мисли ахмади Донишу Акбар Турсун сохтан ва бидуни гараз барои умуми точикон хизмат карданро омухтан аксари шумо муллопарастони пойбарахнаро садсолахо вакт хаст. Лаби зериро бигазеду дур дур биг...зед
Махалгарои хамчун сарчашмаи асосии баланд будани коррупсия дар Чумхурии Точикистон ба хисоб меравад. Касе мегуяд махалгарои нест як бор тахлил карда бароянд сардорони тамоми идорахо дар мачмуъ чанд фоизро ай як минтака шахр ё нохия ташкил медихад. Шахсан ман тарафдори пешравии ватанам Точикистон хастам вале бо сабаби баланд будани фахмиши махалгарои баварии мардуми донишманду зиёи ва ватандуст аз байн рафте дар натича ватан пора пора шуда меравад.
Конечно хаст намебинен корнунони асоси да Хукумат хама ай минтакаи Кулоб мебошанд. Агар аз Кулоб боши ягон чиноят содир карди хатман авф мекунанд . Худо нишон натият агар аз минтакаи кухистон бошеду ягон чинояти сабуктарина чунон вазнин мекунанд. Барои хамаш дуруг хаст ки махалгарои нест холиям хисси бадбини мондаги хаст ва ба дарачаи олияшхам расидаги хаст.
Дузанагиро ичозат дихед чикор мекунед барои хархел гап