Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди ихроҷи хориҷиҳои мубталои бемориҳои хатарнок аз Русия


Вазорати умури дохилии Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки ихроҷи муҳоҷирони мубтало ба бемориҳои хатарнокро аз ин кишвар пешбинӣ мекунад. Лоиҳаи қонун ҳамчунин муайян мекунад, ки ин муҳоҷирон чи гуна ихроҷ карда мешаванд ва барои он кӣ ҷавобгар хоҳад буд.

Дар Русия, аз ҷумла бемориҳои ВИЧ, ҳепатити В,С, сил ва сиёҳзахм (сибирская язва) барои атрофиён хатарнок шумурда шудаанд. Аз 31-уми январи соли равон ба ин рӯйхат коронавирус низ шомил шудааст.

Дар Вазорати умури дохилии Русия гуфтанд, барои он лоиҳаи нави қонун таҳия шудааст, ки дар қонунҳои амалкунанда дар ин замина чизе дақиқ оварда нашудааст: "Аз ҷумла барои беморон қоидаҳои таъмини ёрии тиббӣ ва ҳамроҳии онҳо ба макони ихроҷ муайян нашудааст".

Пештар сарвазири Русия Михаил Мишустин гуфта буд, хориҷиҳое, ки гирифториашон ба коронавирус ошкор мешавад, аз кишвар ихроҷ хоҳанд шуд: "Акнун ин (вируси нав) ба рӯйхати бемориҳои махсусан хатарнок илова карда шудааст. Ин ба мо имкон медиҳад, ки шаҳрвандони хориҷиро, ки гирифтори ин беморӣ буданашон тасдиқ мешавад, аз кишвар берун кунем".

"Пеш аз ҳама, мо бояд дар бораи бехатарӣ ва тандурустии шаҳрвандони худ андеша кунем," гуфт Мишустин ва афзуд, ки "вазъ таҳти назорат аст."

XS
SM
MD
LG