Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо донишҷӯи узбек баъди қатъи парвозҳо дар фурудгоҳи Пекин дармонданд


Дар пайи қатъ шудани парвозҳо миёни Узбекистону Чин чандин мусофир дар фурудгоҳи шаҳри Пекин дармонданд. Бештари ин мусофирон донишҷӯёни узбекистоние ҳастанд, ки дар донишгоҳҳои Чин таҳсил мекарданд.

"Мо 1-уми феврал аз Шандун ба Пекин сафар кардем, то ба парвоз сари вақт бирасем. Худи он рӯз парвози моро ба таъхир гузоштанд ва билетҳоро ба хатсайри чартерӣ иваз карданд. Вале бо гузашти чаҳор рӯз мо ҳанӯз ҳам дар фурудгоҳи Пекин ҳастем",-гуфт яке аз донишҷӯёни дармонда. Ҳарчанд масъулони сафорати Узбекистон ваъда дода буданд, ки 4-уми феврал онҳоро ба ватан хоҳанд фиристод.

Як масъули сафорати Узбекистон дар Пекин гуфт, 200 шаҳрванди кишвараш ба намояндагии дипломатӣ муроҷиат карда буданд, вале 4-уми феврал ба фурудгоҳ беш аз 450 нафар рафтанд. Худи он рӯз 250 кас ба Узбекистон фиристода шудааст.

"Мусофирони боқӣ 5-уми феврал тавассути ҳавопаймое фиристода хоҳанд шуд, ки аз фурудгоҳи Пекин ба Тошканд парвоз мекунад", - афзуд ҳамсуҳбати мо аз сафорати Узбекистон.

Вале донишҷӯёни узбек мегӯянд, масъулони сафорати кишварашон то ҳол онҳоеро рӯйхат накардаанд, ки қарор аст, 5-уми феврал ба Тошканд фиристода шаванд.

"Эҳтимол дорад, ба парвози 5-уми феврал онҳое роҳ ёбанд, ки бо сафорат иртибот ё "шинос" доранд. Зеро масъулони сафорат рӯйхат накардаанд. Бесарусомоние пеш хоҳад омад. Кормандони сафорат бо мо монанди ҳайвон муносибат мекунанд",-изҳор дошт як донишҷӯи ӯзбек.

Ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Узбекистон, тамоми онҳое, ки аз Чин оварда мешаванд, дар беморхонаҳои махсуси вилояту шаҳри Тошканд бистарӣ ва давоми 2 ҳафта зери назорат гирифта хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG