Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Миллӣ гуфт, бастани "Золотая Корона" кори дуруст буд. Ширкат меомӯзад. ВИДЕО


Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, ҳадафашон аз фаъол кардани Маркази ягонаи интиқоли пул, таъмини шаффофият ва ҳифзи маблағҳои муҳоҷирон аст ва сарфи назар аз интиқодҳо, аз мавқеашон баргаштанӣ нестанд.

Масъулини Бонки миллӣ дар бораи пайвастани низоми "Золотая корона" гуфтанд, ин низом танҳо дар сурате ҳаққи интиқоли маблағ ба Тоҷикистонро пайдо мекунад, ки агар бонке ёбад, ки хавфҳои онро ба ӯҳда гирад. Маркази миллии интиқоли пул ё маркази протссесингии Бонки миллӣ рӯзи 3-юми декабри соли 2019 фаъол шуд ва ба гуфтаи муҳоҷирон дар интиқоли маблағ мушкилиҳои зиёде пеш овард.

Бонки Миллӣ гуфт, бастани "Золотая Корона" кори дуруст буд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Масъалаи фаъол шудани Маркази миллии протссесинги рӯзи 5-уми феврал баҳси гармеро миёни рӯзноманигорон ва роҳбарияти Бонки миллӣ ба миён овард. Суоли аслии хабарнигорон аз роҳбарияти Бонки миллӣ ин буд, ки чаро низоми "Золотая корона", ки то ин вақт 82 фоизи маблағҳоро ба Тоҷикистон интиқол медод, ба ин низом пайваст нашуд.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, фаъол шудани Маркази миллии протссесинги "яке аз ислоҳотҳои бузургтарини таърихии ҳукумат" аст ва то фаъол шудани маркази мазкур, ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ба таври зарурӣ ҳимоя намешуд.

Нуралиев гуфт, се ҳадафи аслии ба кор даромадани Маркази миллии протссесингӣ, ин пешгирӣ аз обсепазирии низоми бонкӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирӣ аз интиқоли маблағҳое аст, ки барои терроризм интиқол мешаванд.

Муовини аввали раиси Бонки миллӣ аз кори низоми "Золотая корона" интиқод карда гуфт, ин низом бо дар ихтиёр доштани ҳаҷми зиёди интиқоли пул ба Тоҷикистон тамоми фишангҳоро дошт, ки дар як рӯз вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии ҷумҳуриро муташанниҷ кунад.

Маъмурияти низоми "Золотая корона" дар Маскав мегӯянд, аз изҳори назари роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аз матбуот огоҳ шудаанд ва феълан инро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Дафтари матбуоти "Золотая корона" қаблан аз муколама бо Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода ва низ ба ихтилофҳо дар ин замина ишора карда буд. Дафтари матбуоти низоми пулии "Золотая корона" дар шарҳи ихтилофҳои ҳуқуқӣ навишт, бархе муқаррароти Маркази таъсисдодаи БМТ бо қонуни федеролии Русия "Дар бораи низоми миллии пардохтҳо" дар ихтилоф аст.

Аз ҷумла бар асоси ин қонуни Русия, "низоми пардохтҳо ширкатдорони мушаххаси ин ҷараёнро дорад: оператор, ширкатдор, маркази ҳисобу китоб, маркази амалиёт, маркази пардохтҳои клирингӣ (ҳисобукитоби бенақд) ва ғайра. Аз ҷумла, маркази ҳисобукитоб - як созмони қарздиҳанда аст, ки бо парвонаи Бонки марказии Русия амал мекунад. Дар қонун афзоиши ҳайати субъектҳои ширкатдори ин ҷараён ба инобат гирифта нашудааст",-менависад "Золотая корона".

Аммо Бонки марказии Русия дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфта буд, ки пайвастан ба Маркази протсессингии Бонки миллии Тоҷикистон ба қонунгузории Русия мухолифат надорад.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ гуфт, низоми "Золотая корона" пура ба талабот ҷавобгӯ нест ва маблағ барои афроде, ки дар Данғара даст ба куштори сайёҳон заданд, тариқи "Золотая корона" ба Тоҷикистон интиқол шуда буд.

"Мутаассифона ин низоми пардохт ба талабот ҷавобгӯ нест ва механизми назорати ин интиқоли маблағ дуруст ба роҳ мондагӣ шудагӣ набуд. "Золотая корона то бонке наёбад, ки хавфҳои онро ба уҳда нагирад, ба тамоми талаботҳои Бонки миллӣ ҷавобгӯ набошад, мо мавқеамонро иваз намекунем",-гуфт Ҷамолиддин Нуралиев.

Ҷузъиёти гуфтугӯи Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми "Золотая корона" то ҳол пурра рӯшан нест. Мақомоти Бонки миллӣ мегӯянд, ба "Золотая корона" ягон ғаразе надоранд ва дар сурати иҷро талаботҳои БМТ, ин низом ҳаққи интиқоли маблағ ба Тоҷикистон дубора ба даст меорад. Аммо рӯзи 5-уми феврал дар нишасти хабарӣ, роҳбарияти Бонки миллӣ аз кори низоми "Золотая корона" гаштаву баргашта танқид мекарданд, ки ин аз вуҷуди мушкили ҷиддие байни БМТ ва ин низоми пардохт гувоҳӣ медод.

Ҳарчанд Кирилл Горелов, масъули дафтари матбуоти "Золотая корона", рӯзи 2-юми декабри соли гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, онҳо ҳамаи талаботи фаннӣ ё техникии Бонки Миллии Тоҷикистонро дар робита ба пайвастан ба Маркази протсессингӣ ҳанӯз моҳи октябр иҷро карда буданд: "Аммо ба ҷуз аз ҷанбаи фаннӣ боз масоили ҳуқуқие дар миён аст, ки мутаассифона фавран ҳал карда намешавад".

Бо сипарӣ шудани ду моҳ аз оғози кори Маркази милли протссесингӣ ва тавсифи Бонки миллӣ аз кори ин марказ, муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, мушкилашон барои интиқоли маблағ ҳанӯз бартараф нашудааст.

Абдулло, як муҳоҷири 28-солаи тоҷик аз минтақаи Хабаровски Русия мегӯяд, соатҳо пушти дари як маркази хизматрасонии бонкӣ навбат меистанд, то ба ватан пул фиристанд. Ба гуфтаи ин муҳоҷир, ки ҳамчун ронандаи автобус кор мекунад, онҳо аз ҳисоби соатҳои корӣ маҷбуранд ба ҷустуҷӯи бонк раванд.

"Ҳоло аз тариқи "Контакт" равон мекунем. Дар Хабаровск танҳо як маркази хизматрасонии бонкӣ бо ин система ба Тоҷикистон пул мефиристад. Саҳар барвақт рафта 2-3 соат навбат меистем, аз кор дер мемонем ва боз дар корхона ҷарима мекунанд",-гуфт Абдулло муҳоҷири тоҷик.

Ҳамсуҳбати мо дар посух ба суоли онки чаро тариқи барномаи "Сбербанк" ба Тоҷикистон пул намефиристад, гуфт, ба ин восита маблағ бо қурби паст интиқол мешавад. Муҳоҷир гуфт, бе ин ҳам маблағҳои фиристодаи онҳоро бо қурби пастар дар ватан ба наздиконашон медиҳанд. Шикояте, ки масъулини Бонки миллӣ онро рад мекунанд.

Ҳанӯз суолҳо дар бораи кори маркази нави пулгузаронӣ дар Тоҷикистон зиёд аст, вале мақомоти Бонки миллӣ баръакс рӯзноманигоронро ба дуруст инъикос накардани ин мавзуъ муттаҳам мекунанд. Дар ҳоле, ки дар ҳафтаҳои аввали фаъол шудани ин марказ, мардуми зиёд аз пайдо шудани мушкилӣ дар интиқоли маблағ шикоят мекарданд.

Бонки миллӣ мегӯяд, барои роҳандозии Маркази милли протссесинги беш аз 3,5 миллион сомонӣ маблағ сарф кардааст ва аз кори ин марказ ягон маблағ ба даст намеорад. Иддаое, ки бархе коршиносон бо шубҳа ба он менигаранд.

Тоҷикистон аз кишварҳое аст, ки иқтисодаш вобастаи маблағҳои фиристода аз берун бахусус аз муҳоҷирон аст. Тибқи омори тозаи Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2019 муҳоҷирон ба кишвар зиёда аз 2,7 миллиард доллар маблағ интиқол додаанд, ки нисбат ба як соли пеш 6,6 фоиз зиёдтар аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (11)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG