Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон мавҷи телевизионҳои давлатӣ қатъ шуд


Шаби 4-уми феврал Ширкати миллии радиотелевизионии Узбекистон танаффус эълом кард. Мавҷи ҳамаи телевизионҳои давлатӣ, ки дар ҳайати ширкати миллӣ шомил ҳастанд, қатъ шуд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, танаффуси кори ширкати миллӣ соати 1:30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ рух дод. Ширкати миллии радиотелевизионии Узбекистон 12 шабака, 4 радио ва 12 шабакаи маҳаллӣ дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ шабакаҳои давлатии Узбекистон аз соати 17 то 18 хомӯш буданд. Бархе аз манобеъ гуфтанд, танаффуси кори телевизионҳо дар пайи қатъ шудани неруи барқ сар задааст. Манобеи дигар мегӯянд, сабаб фарсуда будани дастгоҳҳои ширкати миллӣ аст.

XS
SM
MD
LG