Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шаҳри Нурсултон қарздорон коҳиши фоизи ипотекаро талаб карданд


Чанде аз қарздорони ипотека (қарзҳои тӯлонимуҳлат) аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон рӯзи 4-уми феврал ба пойтахти ин кишвар - шаҳри Нурсултон омада, сабукӣ талаб карданд.

Канагат Такеева, яке аз қарздорон гуфт, онҳо мулоқот бо президент Қосимҷомарт Тоқаев ва президенти пешин Нурсултон Назарбоевро талаб доштанд, аммо кормандони пулис сади роҳ шуданд.

Ҷамъшудаҳо баъди интизориҳои бенатиҷа пароканда шуданд, аммо ваъда доданд, ки дубора гирди ҳам оянд.

Бисёре аз қарздорони ипотека дар Қазоқистон ба далели буҳрони иқтисодии солҳои 2007 ва 2008 пардохтнопазир шуданд. Беқурбшавии пули миллии қазоқӣ дар солҳои 2014 ва 2015 дар амри баргардонии қарзҳои ипотекӣ мушкил эҷод кард.

Мақомоти бонкдории Қазоқистон мегӯянд, дар он кишвар 7 ҳазору 400 қарздоре мавҷуд аст, ки ба қишри осепбазир шомил ҳастанд ва дар маҷмуъ 44,6 миллиард танга қарз гирифтаанд.

Дар Қазоқистон барномаи қарзҳои ипотекӣ барои хариди манзил аз соли 2004 ба ин тараф амал мекунад.

XS
SM
MD
LG