Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Помпео аз "пешрафт"-и Узбекистон дар бахши ҳуқуқи инсон


Котиби давлатии ИМА Майк Помпео аз "рушди хубу босуръат"-и шарикии Амрико бо узбекистон истиқбол кард. Ба гуфтаи ӯ, узбекистон кишваре аст, ки "аз нигоҳи пешрафти ҳуқуқи инсон" бояд ба он баҳои баланд дод.

Помпео дар ин бора 3-юми феврал баъди гуфтугӯ бо вазири умури хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов дар шаҳри Тошканд изҳори назар кард.

Котиби давлатии ИМА ҳамчунин бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дидору гуфтугӯ ва ба ӯ барои "раҳбарии ташкили шарикии стратегӣ миёни Вашингтону Тошканд" миннатдорӣ баён кард.

"Ман талошҳои Узбекистонро, ки ба ташкили ҷомеаи озодтару бозтар ва ҳукумати ҳисоботдиҳанда равона шудаанд, қадр мекунам", - навишт Майк Помпео дар Твиттер.

Шавкат Мирзиёев бо сари қудрат омадан дар соли 2016 гомҳоеро барои ислоҳот дар Узбекистон гузошт. Ҳомиёни ҳуқуқ дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Узбекистон, ки дар давраи ҳамтои пешини Мирзиёев -- Ислом Каримов ба таври густарда нақз мешуд, изҳори нигаронӣ мекарданд. Барои намуна, созмони байналмилалии Freedom House Узбекистонро кишвари "ноозод" меномад.

Помпео дар суҳбат бо Комилов гуфт, "Узбекистон шарикӣ бо ҷомеаи маданиро густардатар, мушкили ҷалби сокинон ба меҳнати иҷборӣ ва маҳдудияти фаъолияти расонаҳоро камтар менамояд". Котиби давлатии ИМА Тошкандро ба пешрафти минбаъда дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таҳқиқи ҳолатҳои хариду фурӯши инсон даъват кард.

XS
SM
MD
LG