Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, ду қочоқбари афғонро, ки дар қатли Хайриддин Аҳтамов, cарҳанги нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, гумонбар буданд, дар як амалиёт аз байн бурдаанд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, ин амалиёт шаби 1-уми феврал дар мавзеи "Хористон"-и ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин анҷом шудааст. Мақомоти Афғонистон то кунун дар робита ба ин ҳодиса ибрози назар накардаанд. Хайриддин Аҳтамов моҳи декабри соли 2017 дар задухӯрд бо қочоқчиёни афғон кушта шуда буд.
Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, ки аз ҷузъиёти амалиёт огоҳ аст, дар мулоқот бо Радиои Озодӣ гуфт, ниҳодҳои иктишофӣ баъди гирифтани маълумот ба амалиёт шуруъ намуданд.
"Қочоқбари хатарнок ва фарде, ки командирро ба қатл расонида буд, Наҷиб валади Ғуломрасул буд. Баъд аз ҳодисаи моҳи декабри 2017 ӯ нопадид шуда буд, аммо мақомоти иктишофӣ маълумот пайдо карда, дар мавзеи Хористон ва наздикии деҳоти Қавоқ ӯ ва ҳамроҳонашро иҳота карданд. Аммо онҳо муқовимат карданд ва падари Наҷиб -- Ғуломрасул ва бародараш Ҳабиб дар ин амалиёт кушта шуданд, вале худаш тавонистааст, фирор кунад", -- гуфт мусоҳиби мо.
Ин манбаъ дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки ҷасади Ғуломрасул ва писараш Ҳабиб рӯзи 3-юми феврал ба мақомҳои афғон супорида шуд. Ба гуфтаи манбаъ, пас аз амалиёт аз ҷойи ҳодиса ду автомат, панҷ тирдон ва ҳашт норинҷак кашф шуд.
Задухӯрд дар марз бо қочоқчиён, ки боиси кушта шудани полковник Хайриддин Аҳтамов шуд, шаби 2-юми декабри соли 2017 дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рух дод. Ба дунбол, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо ирсоли ёддошти расмӣ аз мақомоти Афғонистон тақозо кард, ки ҳодисаро ҷиддан таҳқиқ кунанд.
Дар пайи ин мақомоти интизомӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон эълон карданд, ки дар ҷараёни даргирӣ миёни нерӯҳои интизомӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир, се пулиси марзии он кишвар кушта ва шаш тани дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллии афғон, ин амалиёт алайҳи гурӯҳи қочоқчиёне роҳандозӣ шуда буд, ки дар қатли Хайриддин Аҳтамов даст доштанд. Ин амалиёт дар ноҳияи Шаҳри Бузурги вилояти Бадахшон анҷом шуда буд.
Чанд моҳ баъд Додгоҳи олии Тоҷикистон хабар дод, ки 6 нафар дар ҳалокати ин афсари баландпояи нерӯҳои марзбонӣ гунаҳкор шинохта шуда, ба зиндон маҳкум шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки аз ҷумла се афсари нерӯҳои марзбониро ба гумони "беамалӣ ва хунукназарӣ", ки боис ба кушта шудани полковник Хайриддин Аҳтамов аз ҷониби қочоқбарон шуд, боздошт карданд
Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марз дорад ва яке аз роҳҳои интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Русия ба ҳисоб меравад. Сарҳанги нерӯҳои марзбонӣ дар минтақаи Шамсиддини Шоҳин -- яке аз минтақаҳое кушта шуд, ки муҳофизати он сахт аст.
Бархеҳо худи марзбононро ба ҳамдастӣ бо қочоқчиён муттаҳам мекунанд.
Барои тақвияти марз бо Афғонистон марзбонони тоҷик тайи солҳои ахир миллионҳо доллар аз Амрико, Русия, Чин ва кишварҳои дигар кумак гирифтаанд.