Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду кӯдак дар оташсӯзии манзиле дар вилояти Алмато ҷон бохтанд


Ду кӯдак, солҳои таваллудашон 2016 ва 2017, дар оташсӯзии манзиле дар деҳаи Остемири вилояти Алмато кушта шуданд. Сабабҳои сӯхтор ҳанӯз муайян нашудааст. Ҳамсояҳо то омадани оташнишонон кӯдаконро аз манзили оташгирифта берун оварданд. Кӯдакон аз ҷароҳатҳои бардошта дар роҳ ба сӯи бемористон вафот карданд.

Ин ҳодиса дар ҳоле сурат мегирад, ки як сол пеш дар ҳамин рӯзҳо дар оташсӯзие дар наздикии шаҳри Нурсултон панҷ хоҳар аз як хонавода кушта шуданд. Оташ соати 3 шаби 4 феврали соли 2019 дар ҳоле сар зад, ки панҷ хоҳар дар хона танҳо хоб буданд. Падару модари онҳо дар басти шабона кор мекарданд. Ин хонаводаи серфарзанд ба кӯмак эҳтиёҷ дошт: мақомот онҳоро дар навбати дарёфти манзил нагузоштанд ва хонавода ба панҷ фарзанд дар манзили муваққатие истиқомат мекарданд. Хонаи онҳо бо бухорӣ гарм мешуд ва ҳангоми сар задани оташсӯзӣ якбора дар коми оташ рафт.

Дар Қазоқистон сар аз феврали соли гузашта эътирози хонаводаҳои серфарзанд идома дорад. Дар ин эътирозҳо асосан занҳо ширкат мекунанд. Садҳо зан назди идораҳои мақомот гирдиҳамоӣ ва мулоқот бо мансабдоронро талаб карданд. Занҳо боло бурдани кумакҳои давлатӣ ва дастрасӣ ба манзилҳои иҷтимоӣ, инчунин имтиёзҳо ба хонаводаҳои серфарзандро талаб мекунанд.

XS
SM
MD
LG