Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Эрон дар Тайланд


Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Александр Дзабирадзе, мутахассиси 44-солаи гурҷӣ, дар аввалин дидори худ дар мусобиқаи байналмилалӣ («SAT International Futsal Championship 2020») дар Тайланд рӯзи 2-юми феврал аз тими Эрон бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии «SAT International Futsal Championship 2020», ки то 8-уми феврал дар шаҳри Ҳатяйи музофоти Сонгкҳлаи Тайланд идома меёбад, дар ҳайати ширкаткунандагони мусобиқа баъзе тағйирот ба амал омад.

Ба иллати авҷ гирифтани коронавирус дастаҳои мунтахаби Туркманистон ва Кувайт аз ширкат дар мусобиқаи «SAT International Futsal Championship 2020» дар Тайланд даст кашиданд. Ба ҷои онҳо мунтахаби Мянмар ва дастаи дувуми Тайланд иштирок мекунанд.

Мунтахаби Тоҷикистон ҳамроҳи тими Эрон ва дастаи дувуми Тайланд ба гурӯҳи “В” шомиланд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Тайланд, Мянмар ва Малайзия дохиланд.

Мунтахаби Эрон, ки қаҳрамони бисёркаратаи Осиё мебошад, ба Тайланд бо ҳайати дувум омадааст. Дар бозӣ бо дастаи Тоҷикистон эрониҳо бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуданд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Умед Қузиев ва Шавкат Ҳалимов ба самар расониданд.

Дар бозии дигари даври аввали мусобиқа дастаи мизбон – Тайланд - бар мунтахаби Малайзия бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард.

Мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 3-юми феврал, бо дастаи дувуми Тайланд рақобат мекунад. Бозӣ соати 17:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Фарватер», Қирғизистон), Муродулло Алиқулов («Соро компания»);

Бозигарон: Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов (ҳарду аз «Фарватер», Қирғизистон), Рустам Ҳамидов, Умед Қузиев (ҳарду аз «Спартак», Қирғизистон), Дилшод Саломов, Шавкат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев (ҳама аз «Сипар»), Раҳмоналӣ Шарипов, Собирҷон Гулаков (ҳарду аз «Соро компания»), Қувватбек Равшанбеков («Помир»).

Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).

Бар асоси дастури мусобиқа аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ дудастаӣ ба нимфинал роҳ пайдо мекунанд. Баъдан ғолибон дар финал бозӣ хоҳанд кард.

Иштирок дар мусобиқаи «SAT International Futsal Championship 2020» дар Тайланд барои мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё, ки аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқобод баргузор мешавад, бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат мекунад.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии Осиё дар Ишқобод панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2020, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва барпо мегардад, мушарраф мешаванд.

Мусобиқаи байналмилалии «SAT International Futsal Championship 2020» дар Тайланд

Гурӯҳи «А»: Тайланд, Мянмар, Малайзия
Гурӯҳи «В»: Эрон, Тоҷикистон, Тайланд-2

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Эрон – 2:3

Голҳои Тоҷикистон: Умед Қузиев, Шавкат Ҳалимов.

Тайланд – Малайзия – 4:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тайланд

1

1

0

0

4-3

3

2

Эрон

1

1

0

0

3-2

3

3

Тайланд-2

0

0

0

0

0-0

0

4

Малайзия

1

0

0

1

3-4

0

5

Тоҷикистон

1

0

0

1

2-3

0

Тақвими бозиҳо:

Даври 2-юм. 3-юми феврал (душанбе)
14:30 – Тоҷикистон – Тайланд-2
17:00 – Малайзия – Мянмар

Даври 3-юм. 4-уми феврал (сешанбе)
14:30 – Тайланд-2 – Эрон
17:00 – Мянмар – Тайланд

6-уми феврал (панҷшанбе)
Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

11:00 – 3 «А» – 3 «В»

Нимфинал

14:00 – 1 «В» – 2 «А»

17:00 – 1 «А» – 2 «В»

8-уми феврал (шанбе)
14:00 – Бозӣ барои ҷои севум
17:00 – Финал
Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG