Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон 18 шаҳрвандашро аз Вуҳани Чин ба ватан овард


18 шаҳрванди Қирғизистон, ки дар шаҳри Вуҳани Чин қарор доштанд, тавассути ҳавопаймои махсус нахуст ба Қазоқистон ва сипас ба Бишкек интиқол дода шуданд.

Ба огаҳии Вазорати тандурустии Қирғизистон, ҳамаи ин шаҳрвандон аз санҷиши зарурӣ гузаронида шуда, дар беморхонаи махсус дар берун аз Бишкек бистарӣ гардиданд.

Дар ҳоли ҳозир ҳолати гирифтории шаҳрвандони Қирғизистон ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳҳои Қирғизистон назорати санитарӣ ба роҳ монда шудааст. Марз бо Чин баста шуда, равуои ҳавоӣ низ қатъ гаштааст.

Бино ба маълумоти ахир, шумори онҳое, ки дар Чин ба вируси нав мубтало шудаанд, ба 14 ҳазору 380 кас расидааст. 304 кас ҷон бохтанд. Дар Филиппин низ як кас аз ин вирус ҷон бохтааст, ки нахустин ҳолат берун аз Чин гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG