Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби лағзиши маргбори замин дар метрои Тошканд муайян шуд


Сабабҳои сар задани ҳодисаи нохуш дар сохтмони метрои ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд муайян шуданд.

Ба огаҳии Вазорати нақлиёти Узбекистон, ҳодиса ба иллати берун рафтан аз доираи лоиҳа ҳангоми анҷоми корҳои сохтмонӣ рух додааст.

"Ҳангоми мустаҳкам кардани деворҳо ба хатоӣ роҳ дода шудааст. Ба ҷуз ин, оби боронҳо ба дохили нақб рафтаанд. Дар натиҷа замин нарм шудааст", - афзудааст манбаъ.

Ба хонаводаҳои чаҳор қурбонии лағзиши замин дар сохтмони метрои Тошканд 261-миллион сӯмӣ (27,5-ҳазордолларӣ) ҷуброн дода шудааст. Ҳамчунин аъзои маъюби ин хонаводаҳо ҷуброни ҳармоҳа дарёфт мекунанд. Як хонаводаи дигар 281 млн сӯм дарёфт кардааст.

18 декабр дар сохтмони метро дар ноҳияи Юнусободи Тошканд лағзиши замин рух дод. Дар натиҷа шаш кас ҷон бохтанд. Додситонии кулли Узбекистон дар робита ба ин ҳодиса бо моддаи "Вайрон кардани тартиботи ҳифзи меҳнат, ки боиси марги одамон шудааст" ва моддаи "Вайрон кардани тартиби ҳифзи корҳои сохтмонӣ" парванда боз кард.

XS
SM
MD
LG