Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бори аввал як нафар аз вируси нав дар берун аз хоки Чин фавтид


Пизишке дар як озмоишгоҳ дар Чин
Пизишке дар як озмоишгоҳ дар Чин

Бори аввал берун аз Чин, дар Филипин, як нафар аз сироят ба короновирус фавтид.

Бахши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Филипин хабар дод, ки нафари фавтида 44 сола буд.

Шумораи фавтидагон аз ин вирус дар умум аз 300 нафар бештар шудааст. Танҳо дар як рӯзи охир дар вилояти Вуҳони Чин 45 нафар фавтидааст.

Ин вилоят макони пайдоши вируси нав номида мешавад.

Шумораи сироятёфтагон ба 15 ҳазор нафар расидааст.

Давоми камтар аз як моҳ ин вирус дар бештар аз 20 кишвари дунё паҳн шуд.

XS
SM
MD
LG