Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё расман аз Иттиҳоди Аврупо берун шуд


Ҷонибдорони хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо
Ҷонибдорони хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо

Бритониё шаби 31-уми январ ба таври расмӣ аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд. Бисёриҳо умед доранд, ки ин ҷудоӣ ба нигарониҳо дар хусуси вазъияти ин кишвар поён диҳад. Ин дар ҳоле аст, ки мунтақидон ба паёмадҳои он хушбин нестанд. Бритониё дар соли 1973 ба Иттиҳодия пайваста буд.

Қарор аст, 1-уми феврал давраи интиқолии 11-моҳа оғоз шавад, то дар ин вақт Бритониё тавонад ба тавофуқи тиҷоратии дарозмуддат бо Иттиҳоди Аврупо даст ёбад. То он замон қарордодҳои мавҷуди тиҷорӣ миёни ҷонибҳо амал хоҳад кард.

Рӯзи ҷумъаи 31-уми январ гуруҳҳо ва тарафдорони хуруҷ аз Иттиҳоди Аврупо дар баробари бинои порлумони ин кишвар ҷамъ омада, ба ҷашну пойкӯбӣ пардохтанд. Шуморе аз тарафдорони боқӣ мондан дар Иттиҳодияи Аврупо низ бо дар даст доштани парчамҳои Бритониё ва ИА дар наздикии порлумон таҷаммуъ карданд.

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, аз берун шудани Бритониё аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо ситоиш кард. Ӯ дар Твиттер ба идома ёфтани "равобити мустаҳкам, созанда ва пурсамар байни ду кишвар" дар ин фасли тозае барои Бритониё таъкид намуд.

XS
SM
MD
LG