Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар пул надоред, барқ ба таври автоматӣ хомӯш мешавад". Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Дархости як бонуи муҳоҷири тоҷик, вазъи бади роҳҳо дар Сангвор ва низоми нави пардохти пули барқ, аз видео ва мавзӯъҳои "Озодӣ Онлайн" аст.

Наворе аз ноҳияи Сангвор ё Тавилдараи пешин ба Радиои Озодӣ фиристода шуд, ки, ба қавли яке аз корбарон, барфи зиёд ҳаракати мошинҳоро дар роҳ мушкил гардондааст. Ду ҳафта пеш низ баъзе аз ронандагон аз сари вақт пок нашудани роҳ аз барф дар ноҳияи Нуробод шикоят карда буданд, вале мақомот ҷавоб доданд, айб дар ронандаҳост, ки бе омодагӣ ба сафар мебароянд.

Видоеи дигар ҳам ба ин монанд аст, аммо дар қаламрави Қазоқистон. Муаллифи видео ба Радиои Озодӣ гуфт, ба далели барфи зиёд гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик ҳангоми рафтан ба Русия ё бозгашт аз онҷо дар ҳудуди Қазоқистон чаҳор рӯз дармондаанд. Ба қавли ӯ, онҳо рӯзи 29-уми январ аз банди барфу сардӣ дар Қазоқистон раҳо шудаанд.

Азбаски нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия гарон аст, бисёриҳо аз хидмати мусофирбарҳо истифода мекунанд.

Ҳоло дар бораи барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи он. Мақомот ҳафтаи гузашта бо се ширкат созишномае имзо карданд, ки дар Душанбе низоми нави пардохти пули барқро ҷорӣ мекунанд. Яъне, аввал пул ва сипас барқ.

Мақомот аз фоидаи ин тарҳ суҳбат мекунанд, аммо корбаре бо номи "Биллинг» дар сомонаи Озодӣ навишт, "ин низом барои кишварҳои иқтисодашон рушдкарда хеле хуб аст, вале барои мардуми фақири Тоҷикистон - даҳшат. Агар пул надоред, барқ ба таври автоматӣ хомӯш мешавад. Баъд дар балкон дег мондаву хӯрок мепазед, дар утоқҳо бухорӣ мегузоред ва аз кӯча об мекашонед".

"Агар пул надоред, барқ ба таври автоматӣ хомӯш мешавад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00

Хонандае, ки номашро ошкор накардааст, мегӯяд, "агар хизматрасонӣ ҳам монанди давлатҳои пешрафта мешуд, гапи дигар буд. Хатҳои барқ ва трансформаторҳо фарсуда шудаанд, шиддати нерӯи барқ паст аст, аммо ҷамъоварии маблағ мисли кишварҳои пешрафта".

"Беном"-е, ки ба гуфтаи худаш яке аз истифодабарандагони низоми биллингӣ дар Хуҷанд аст, мегӯяд, "дуруст фаҳмонед, ин пешпардохт нест. Аввал истифода мебарем ва охири моҳ квитансияи барқи истифодашуда меояд. Боз то 17 рӯзи дигар фурсат медиҳанд, ки онро супоред".

Хусрав ҳам навиштааст, "дар хама давлатҳои пешрафта об, газ, барқ.... сахт назорат мешавад. Ва ширкатҳо соҳиб доранд".

Корбаре бо номи "Шаҳрванд" аз мақомоти Тоҷикистон ба се ширкати масъули иҷрои низоми биллингӣ интиқод кардааст, ки чаро назари мардумро дар ин бора намепурсанд. Ӯ навиштааст, "вВакилони муҳтарам ва ширкатҳои "Авесто Гуруҳ", "Тоҷикгидроэлектромантаж" ва "Душанбе Сити" фикр намекунед, ки мардум 500 - 700 сомонӣ маош мегиранд ва аз куҷо пешпардохт намоянд?”

"Рост гӯй" гуфтааст, "ин ширкатҳо аз наздикони шахсони боло ҳастанд ва барои онҳо мардуми камбағал ва сухани камбағалон аҳамият надорад".

Ва дар охир, як бонуи муҳоҷири тоҷик муроҷиат кардааст, ки дар вилояти Маскав аст ва мегӯяд, аз мақомот хоҳиш дорад, барои беҳтар шудани шароити кори онҳо дар Русия бетараф набошанд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар моҳ супурдани пули патенту сабтином мушкил аст.

Агар Шумо ҳам гуфтание доред ва ё аксу видеои ҷолибе, пас, ба мо фиристед. Имову Телеграм ва Вайберу Вотсап дорем. То дидор!

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG