Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лоиқ Раҷабов ба қатори 10 размкори беҳтарини ИДМ дохил шуд. САДО


Лоиқ Раҷабов, варзишгари тоҷик, ба рӯйхати 10 размкори беҳтарини муҳорибаҳои омехта (ММА) аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2019, ки онро нашрияи "ТурСтат"-и Русия аз рӯи натиҷагирии пурсиши интернетии алоқамандони муҳорибаҳои омехта тартиб додааст, дохил шуд.

Зимни тартиб додани ин раддабандӣ вазни размкорон сарфи назар шудааст. Ба рӯйхати 10 размкори беҳтарини ММА аз кишварҳои ИДМ дар соли 2019 инҳо дохил шуданд: Ҳабиб Нурмагомедов (Русия), Фёдор Емеляненко (Русия), Пётр Ян (Русия), Алберт Туменов (Русия), Забит Магомедшарипов (Русия), Магомед Исмоилов (Русия), Маҳмуд Муродов (Узбекистон), Андрей Орловский (Беларус), Жалгас Жумагулов (Қазоқистон), Тофик Мӯсоев (Озарбойҷон) ва Лоиқ Раҷабов (Тоҷикистон).

Ба Ҳабиб Нурмагомедов 33%, ба Фёдор Емеляненко - 14%, ба Пётр Ян - 12%, ба Алберт Туменов ва Забит Магомедшарипов - 7%, ба Магомед Исмоилов ва Маҳмуд Муродов - 5%, ба Андрей Орловский, Жалгас Жумагулов, Тофик Мӯсоев ва Лоиқ Раҷабов - 3% раъй додаанд.

Беҳтарин размкорони ММА аз ИДМ дар соли 2019:

  1. Ҳабиб Нурмагомедов (Доғистон, Русия)
  2. Фёдор Емеляненко (вилояти Белгород, Русия)
  3. Пётр Ян (Екатеринбург/кишвари Красноярск, Русия)
  4. Алберт Туменов (Қабардину Балқар, Русия)
  5. Забит Магомедшарипов (Доғистон, Русия)
  6. Магомед Исмоилов (Маскав/Доғистон, Русия)
  7. Маҳмуд Муродов (Узбекистон/Ҷумҳурии Чех)
  8. Андрей Орловский (Беларус)
  9. Жалгас Жумагулов (Қазоқистон)
  10. Тофик Мӯсоев (Озарбойҷон) ва Лоиқ Раҷабов (Тоҷикистон)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00
Линки мустақим


Ёдовар мешавем, Лоиқ Раҷабов, размкори 29-солаи тоҷик, 31-уми декабри соли 2019 дар муҳорибаҳои омехта дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳарифи бразилии худ шикаст хӯрд ва як миллион доллар ҷоизаро аз даст дод.

Сабқати Раҷабов бо Натан Шулте, варзишгари бразилӣ, дар даври ниҳоии Professional fight league-PFL барои шоҳҷоиза ба маблағи як миллион доллар сурат гирифт. Ҳарду дар панҷ раунди панҷдақиқаӣ бо ҳам рақобат карданд. Бар асоси хулосаи доварон Лоиқ аз рақибаш бо натиҷаи 44:48 шикаст хӯрд.

Лоиқ Раҷабов, ки бо тахаллуси "Jaguar Paw” дар рақобатҳо ширкат мекунад, то ҳоло аз 16 рақобат дар 13-тоаш ғолиб омада, дар дутоаш шикаст хӯрдааст ва як қувваозмоӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтааст.

Ҳолномаи Лоиқ Раҷабов:

Лоиқ Раҷабов 17-уми сентябри соли 1990 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1997 ба мактаби деҳаи Булёни Болои Данғара ба синфи аввал рафта, синфи 11-ро дар мактаби рақами 77-и Душанбе ба итмом расондааст. Хамткардаи Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон дар риштаи муҳандиси роҳи оҳан мебошад.

Лоиқ Раҷабов соли 2015 ба Олмон кӯч баст ва дар толори варзишии як зодаи Тоҷикистон бо номи Олег Шодиев тамрини касбии муҳорибаҳои омехтаро шурӯъ намуд. Ӯ дар Олмон соҳиби чаҳор камарбанд дар риштаи варзиши омехта шуд. Соли 2019 ба Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта (Professional fight league-PFL) дохил шуд ва то давраи финалии ин мусобиқа роҳ ёфт. Оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG