Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 ҷангҷӯ ва 2 сарбози покистонӣ дар Вазиристони шимолӣ


Артиши Покистон мегӯяд, дар натиҷаи даргирӣ бо гурӯҳе аз ҷангҷӯён дар минтақаи Вазиристони шимолӣ 5 нафари онҳоро куштанд, вале ду сарбозашонро талаф доданд.

Мақомоти артиш рӯзи 30-уми январ гуфтанд, ҷангҷӯён баъди муҳосираи як паноҳгоҳашон дар минтақаи Дотахел ба сӯи маъмурони амниятӣ тирандозӣ кардаанд. Ҳамаи онҳо дар натиҷаи таркиши абзорҳои худсохти тарканда ва тирандозии сарбозон кушта шудаанд.

Таҳрики Толибон ва дигар гурӯҳҳои ҷангҷӯ дар Покистон ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Покистон аз соли 2014 ба як амалиёти густурда барои пок кардани Вазиристони шимолӣ аз ҳузури ҷангҷӯён идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG