Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи печидаи як сарбоз. Мақомот: "Бемор буд ва афтод". Наздикон бовар надоранд


Иброҳим Ниёзов.

Додситони ҳарбии вилояти Хатлон қазияи аз қисми ҳарбӣ ба беморхонаи руҳӣ афтидани сарбоз Иброҳим Ниёзовро расман шарҳ дод. Ба гуфтаи додситонӣ, ин сарбоз, ки ду моҳи пеш ба қисми ҳарбии 0332-и Қушунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Панҷ сафарбар шуда буд, бинобар доштани беморӣ, ҳамагӣ як рӯз хизмат карда, дар беморхона бистарӣ шуд. Аммо наздикони Иброҳим ба ин гуфтаи мақомот бовар ва мегӯянд, ки ӯ то ҷалб шудан ба артиш солим буд ва ҳеҷ гуна беморие надошт.

Наврӯз Тоҳирзода, Додситони ҳарбии Хатлон рӯзи 30-юми январ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, "ӯ (Иброҳим) санаи 14-уми ноябр бинобар доштани беморӣ аз ҳуш меравад ба беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ мешавад ва дар онҷо худро аз ошёнаи дуюм мепартояд. Шоҳидон ҳастанд, ҷароҳат мебардорад, ҳолати ҷой доштани бемории асаб ҷой дорад".

Дар номаи Сарпрокуратураи ҳарбии кишвар ҳам ба хонаводаи Иброҳим, гуфта шудааст, ки ба далели набуди ҳолатҳои ғайриоинномавӣ дар қисми ҳарбӣ, дар робита ба қазияи ин сарбоз парвандаи ҷиноӣ оғоз намешавад.

Аммо пайвандони сарбоз ба ин далелҳо шубҳа доранд. Ҳафтае пеш модари ин сарбоз аз он шикоят мекард, ки писари 23-солааш аз тариқи "облава" ба хизмат бурда шуда, ҳоло пурра аз гап мондаву касеро намешиносад.

Бо муроҷиат ба чандин ниҳод, наздикони сарбоз хостанд омилони ба ин вазъ расонидани Иброҳим муайян ва муҷозот шаванд. Ҳалима Мирова, модари Иброҳим дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "миёни бачам задагӣ, гуфтанд ғалтидагӣ аст, ба ман қоил нашуданд. Вай одами солим буд, ягон беморӣ надошт".

Иброҳим Ниёзов, хатмкардаи Донишкадаи санъат барои кор дар як оркестри ҳарбӣ ҳуҷҷат супурда, орзу дошт аз рӯи ихтисос кор кунад, аммо ба иддаои наздикон, ба ҷойи қабул ба кор, дар мавсими даъвати тирамоҳӣ зӯран ба хизмат сафарбар шуд ва акнун дар як ҳолати номуайян дар беморхонаи рӯҳӣ қарор дорад. Табибони ин беморхона мегӯянд, бояд мушахас кунанд, ки Иброҳим воқеан бемории рӯҳӣ аст ё сохтакорӣ мекунад.

"Дафтари Озодиҳои шаҳрвандӣ" - як созмони ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон, дар пайи муроҷиати волидони сарбози 23-сола, ба таҳқиқи қазияи ӯ шурӯъ кардааст. Уғулой Бобоева, ҳуқуқшиноси ин созмон мегӯяд, онҳо ба хонаводаи Иброҳим кӯмаки ҳуқуқӣ ва вакили дифоъ пешниҳод мекунанд. Ба гуфтаи Уғулой Бобоева, дар ин қазия паҳлӯҳои зиёде норӯшан аст.

"Аз ҳамон мавриди даъват шуданаш то ба беморхонаи рӯҳӣ афтодани сарбоз бисёр марҳилаҳо ғайриқонунӣ ба амал омадаанду бояд рӯшан шаванд. Тавре модараш гуфт, вақте сарбозро даъват кардаанд, ба хонаводаи ӯ хабар надодаанд, дар комиссариати Шаҳринав фармони ӯ бекор карда шуда, ғайриқонунӣ ба хизмат даъват шудааст",-афзуд Уғулой Бобоева

Ҳоло хонаводаи сарбоз мехоҳанд, Иброҳимро аз беморхонаи рӯҳӣ берун ва ҷои дигар табобат кунанд. Бемористон мегӯяд, ҳаққи рухсат кардани ӯро надорад. Дархости наздикони сарбоз аз Вазорати мудофиа барои рухсат кардани ӯ ба далели беморӣ рад шудааст. Ҳамчунин дар ин нома таъкид шудааст, ки нисбати сарбоз Иброҳим Ниёзов, барои муносибати дағалонааш нисбати кормандони комиссариати Шаҳринав чораҳои қатъӣ низ андешида мешавад.

Дар Тоҷикистон ҷавонон дар ду давра ба артиш даъват мешаванд. Ҳамасола аз ҷалби иҷбории ҷавонон ва лату куби онҳо дар артиш хабар нашр мешавад, вале мақомот аксари ин ҳолатҳоро рад мекунанд.

Масъулини созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", мегӯянд, давоми панҷ соли охир аз наздикони сарбозону даъватшавандаҳо 949 шикоят гирифтаанд. Волидон аз нақзи ҳуқуқ ва қонуншиканиҳо дар мавсими даъват ё қисмҳои ҳарбӣ шикоят кардаанд. Аммо бо вуҷуди талоши ҳомиёни ҳуқуқ, кам иттифоқ афтодааст, ки дар асоси ин шикоятҳо парванда оғоз ва масъулони қисми ҳарбӣ ва ё фармондеҳон ҷазо бигиранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG