Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

80 соли Сорбон. Бе тағйири арзишҳои инсонӣ ва адабӣ


Сорбон, нависандаи тоҷик.
Сорбон, нависандаи тоҷик.

Сорбон, адиби машҳури тоҷик, ки ахиран ба синни 80-солагӣ расид, мегӯяд, ки ҳоло дар Тоҷикистон нависанда зиёд шудааст ва бархе аз онҳо ба адибони воқеӣ пул дода, асар менависанд ва аз ин роҳ талош мекунанд соҳиби шӯҳрате шаванд. Ин адиби тоҷик мегӯяд, ки ҳарчанд дар замони шӯравӣ сензура вуҷуд дошт, аммо манфиати нависандагон аз шуғлашон барои бароварда сохтани ниёзҳои зиндагиашон кифоят мекард.

Маросими таҷлил аз 80-солагии нависанда Сорбон дар толори Хонаи адибони шаҳри Душанбе, ба номи Мирзо Турсунзода бо ширкати шуморе аз адибон, мақомоти давлатӣ ва ҳаводорони осори ин адиби машҳур баргузор шуд. Нахуст Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури робита бо ҷомеа, роҳи эҷодии Сорбон дар адабиёти тоҷикро ба баррасӣ гирифта, таъкид кард, ки дар чанд соли ахир 12 ҷилд аз куллиёти ин нависанда нашр шудааст. Вай афзуд, ки Сорбон нависандаи нозукбаён буда, дар симои қаҳрамонони асарҳояш тавонистааст азамату ҳашамати мардум ва бурду бохти зиндагиро соддаю оммафаҳмона ба қалам оварад ва яке аз маҳбубтарин нависандагони кишварамон шинохта шавад.

Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшиноси тоҷик, ки бо Сорбон беш аз 60 сол риштаи дӯстӣ дорад, мегӯяд, ки ин нависанда дар тӯли зиндагиаш ҳеҷ боре ба тағйири ақидаву арзишҳои инсонии худ роҳ надодааст. Оқои Сатторзода аз ҷумла гуфт, "дар забонҳои хориҷӣ мафҳуме бо номи парадокс вуҷуд дорад, ки онро ба қавли Ҳофиз хилофомад бигӯем, дуруст аст. Ман бо Сорбон ҳамсабақ ҳам будам ва ҳамтабақ низ. Куллияи осорашро борҳои мутолиа кардаам ва дар тӯли беш аз 60 сол тағйири мавқеъгирӣ ва арзишҳои зиндагиро дар эҷодиёти ин нависанда пайдо накардаам".

Сорбон аз соли 1965 ба навиштани ҳикояҳо шурӯъ карда, нахустин гулчини ҳикоёташ "Гап дар дил" соли 1969 мунташир шуд. Вай муаллифи қисса ва романҳои маъруфи "Занги аввал", "Санги сипар", "Ҷӯгӣ2, "Сабо", "Қумрӣ", "Пиндор", "Марди танҳо", "Чархи эҳтиётӣ", "Санам", "Спитамон", "Шинел", "Дашти Морон", "Кабӯтари сафед", "Буд, набуд", "Зарафшон", "Актёр", "Достони писари Худо", "Туғрал", "Росу", "Кадевар", "Барзгар" ва чанд маҷмӯаи мухталиф мебошад.

Академик Акбари Турсон мегӯяд, ки Сорбон тақрибан ҳамсолаш аст ва ба ин далел осори ӯро аз нахустин маҷмӯааш пайгирӣ мекунад. Ба гуфтаи Акбари Турсон, Сорбон мисли бархе аз адибони тоҷик бидуни фаъолияти публисистӣ дар матбуот вориди адабиёт шуд, аммо бо ин вуҷуд мушкилоти мардум дар осораш бозтоб ёфтаанд.

Акбари Турсон мегӯяд, эҷодиёти Сорбон тақлидӣ ва таассубӣ нест ва вай дар забон дорои сабки хос аст, ки омезиши вожаҳои маҳаллӣ бо ибораҳои классикиро васеъ истифода мекунад. Ин донишманди тоҷик афзуд, дар услуби навишт бошад, Сорбон сабки воқеънигории таърихӣ ва фалсафаи зиндагии мардумро хуб бо ҳам омезиш медиҳад ва чунин тарзи навишт дар романи "Зарафшон" ба хубӣ мушоҳида мешавад".

Умари Сафар, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки асарҳои нахустини Сорбон бо пургӯӣ шӯҳрат дошт ва гузашта аз ин забоншиносон иддао доштанд, ки муаллиф дар матни бадеӣ зиёд аз вожаҳои маҳаллӣ истифода мекунад. Ин амр, ба назари онҳо, сабаб шуда буд, ки хонандаҳо аз минтақаҳои дигари Тоҷикистон зиёд ба навиштаҳои Сорбон таваҷҷӯҳ намекарданд. Аммо, бо гузашти солҳо нависанда дар қиссаву романҳои наваш тавонист ин мушкилро то андозае паси сар кунад.

Расул Собиров, донишҷӯи факултети филологияи тоҷик дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон бар ин назар аст, ки осори Сорбон дар миёни ҷавонон ба ин далел зиёд маъруф нест, ки муаллиф мушкилоти насли наврасро ба пуррагӣ дар асарҳояш инъикос намекунад. Дар романҳои "Зарафшон" ва "Актёр" гӯё қаҳрамонҳои ҷавон ҳастанд, аммо тарзи фикррониву шуғлҳои ҷавонони он замон ба дурустӣ матраҳ намешавад.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Сорбон ба ин савол, ки ҳарчанд асарҳои зиёде эҷод кардааст, вале чӣ асареро боз мехоҳад иншо кунад, гуфт, ҳоло романи нотамомеро дар даст дорад, ки дар бораи қаҳрамони тоҷик Маздак қисса мекунад. "Ин шахсияти таърихӣ ҳанӯз дар замони то исломӣ мехост ҷомеае бунёд созад, ки баробариву адлу инсоф дар он ҳукмрон бошад. Мутаассифона, дар тӯли таърих, бахусус бо ҷанги ахири дохилӣ халқи тоҷик имконияти барпо кардани чунин як низомро аз даст додааст"-афзуд вай.

Сорбон бо таассуф афзуд, ки ахиран дар кишвар теъдоди нависандаҳо бамаротиб афзудааст, аммо асаре, ки онро хонанда интизор дошта бошад, навишта намешавад.

Дар ҳамин ҳол Одили Нозир, рӯзноманигори тоҷик дар маҳфили ҷашни 80-солагии Сорбон китоберо муаррифӣ кард, ки дар он мунаққидони тоҷик эҷодиёти ин нависандаро ба баррасӣ гирифтаанд. Одили Нозир дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "бархе аз мунаққидон дар гузашта осори Сорбонро ба хотири мувофиқат надоштанаш бо идеологияи шӯравӣ ба риштаи интиқод мекашиданд, ки мояи нигаронии худи муаллиф низ шуда буд. Аммо, бо гузашти солҳо ва касби истиқлол дурустии сабки интихобкардаи Сорбон дар адабиёт собит шуд".

Вай афзуд, "тибқи матолиби нашршудаи мунаққидон, дар солҳои шӯравӣ Сорбон аз адибони мақбули давр дониста намешуд. Аз нахустин ҳикояи худ "Хокистари ишқ" Сорбон мавриди ҳамлаҳои Ҷалол Икромӣ қарор гирифта буд. Мунаққидон пайиҳам Сорбонро дар созгор набудан бо арзишҳои замони шӯравӣ муттаҳам мекарданд. Сипас, тӯли 5-6 сол дар бораи асарҳои Сорбон касе ҳарфе нагуфт, ки боиси маъюсии нависанда шуда буд".

Сорбон ё Пури Ҳамроҳ 27 январи соли 1940 дар деҳаи Амондараи ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст. Соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар кафедраи забони тоҷикӣ ба кор мондааст. Баъдан ба унвони муҳаррири барномаҳои адабии радиои Тоҷикистон, муҳаррири нашриёти "Ирфон", мухбири рӯзномаи "Маданияти Тоҷикистон" фаъолият кардааст. Синамогарони тоҷик аз рӯйи асарҳои Сорбон чанд филми бадеӣ сохтаанд. Сорбон барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ ва ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон мебошад.

Дар маҳфили ҷашни 80-солагии Сорбон суханварон аз саҳми ин нависанда дар тарҷумаи адабиёти бадеии ҷаҳонӣ ба забони тоҷикӣ низ изҳори назар карданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки бо талоши ин нависанда асарҳои Лев Толстой, Федор Достоевский, Николай Островский, Нодар Думбадзе, Чингиз Айтматов ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG