Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии CAFA бо пирӯзии мунтахаби футзали духтарони Эрон ба поён расид


Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола, ки рӯзҳои 24-29-уми январ дар шаҳри Душанбе доир гардид, бо пирӯзии мунтахаби Эрон ба поён расид.

Қаҳрамонии CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола бо иштироки дастаҳои мунтахаби Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон дар Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, баргузор шуд.

Тими мунтахаби Эрон, ки дар ҳамаи панҷ бозиаш бар дастаҳои Тоҷикистон (15:0), Афғонистон (16:1), Туркманистон (12:0), Узбекистон (7:1) ва Қирғизистон (2:0) ғолиб омад, бо касби 15 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро соҳиб шуд.

Мунтахаби Узбекистон, ки дар чаҳор бозӣ бар тимҳои Туркманистон (4:1), Қирғизистон (7:4), Афғонистон (3:0) ва Тоҷикистон (7:2) пирӯз шуда, дар як дидор аз мунтахаби Эрон (1:7) шикаст хӯрд, бо касби 12 имтиёз ҷойи дувумро ишғол кард.

Мунтахаби Туркманистон бо касби 9 имтиёз ва мунтахаби Қирғизистон бо касби 6 имтиёз мутаносибан дар ҷойҳои севуму чаҳорум қарор гирифтанд.

Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Афғонистон бо якимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои панҷуму шашум ҷойгир шуданд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Шерзод Ҷумъаев чаҳор бозиро ба тимҳои Эрон (0:15), Туркманистон (2:3), Қирғизистон (0:2), Узбекистон (1:7) бохт ва як бозиро бо мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби мусовӣ (3:3) анҷом дод.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба дастаи ғолиб – Эрон - Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло супурда шуд. Мунтахаби Узбекистон бо медалҳои нуқра ва мунтахаби Туркманистон бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ҷоизаи «Fair Play» насиби мунтахаби Туркманистон гардид. Ҷоизаи вижа ба мунтахаби Тоҷикистон тақдим шуд. Бозигари мунтахаби Эрон Роғай Сомеъӣ, ки 18 гол задааст, беҳтарин нишонзани қаҳрамонии CAFA-2020 гардид. Ҷоизаи аз ҳама бозигари судманди мусобиқа (MVP) ба сартими Эрон Марал Туркман эҳдо шуд.

Қаҳрамонии CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола

Даври 1-ум

Эрон – Тоҷикистон – 15:0

Қирғизистон – Афғонистон – 3:0

Узбекистон – Туркманистон – 4:1

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Туркманистон – 2:3

Эрон – Афғонистон – 16:1

Узбекистон – Қирғизистон – 7:4

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Қирғизистон – 0:2

Туркманистон – Эрон – 0:12

Афғонистон – Узбекистон – 0:3

Даври 4-ум

Қирғизистон – Туркманистон – 1:2

Афғонистон – Тоҷикистон – 3:3

Узбекистон – Эрон – 1:7

Даври 5-ум

Туркманистон – Афғонистон – 9:0

Тоҷикистон – Узбекистон – 2:7

Эрон – Қирғизистон – 2:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

5

5

0

0

52-2

15

2

Узбекистон

5

4

0

1

22-14

12

3

Туркманистон

5

3

0

2

15-19

9

4

Қирғизистон

5

2

0

3

10-11

6

5

Тоҷикистон

5

0

1

4

7-30

1

6

Афғонистон

5

0

1

4

4-34

1

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG