Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Узбекистон номгӯи мансабдоронеро нашр кард, ки барои иҷборан кор фармудани зердастон дар мавсими пахтачинии соли 2019 ҷарима шудаанд. Шахсони мансабдор барои ташкили кори иҷборӣ ҷарима шуданд.
Дар ин рӯйхат номи 43 мансабдор, аз ҷумла ду раиси ноҳия, панҷ муовин, мудирони бонкҳову мактабҳо, инчунин як мудири маҷмааи тиҷорӣ зикр шудааст. Дар рӯйхат мансабдорони вилояти Самарқанд нисбати дигарон бештар зикр шудаанд.
Ҳамаи мансабдорон бо моддаи "иҷборан ҷалб кардан ба меҳнат" муҷозот шудаанд. Моддаи мазкур аз 10 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 230 то 700 доллар) ҷарима пешбинӣ мекунад.