Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи президенти пешини Арманистон ба додгоҳ рафт


Додситонии кулли Арманистон 29-уми январ тасдиқ кард, ки зидди президенти пешини ин кишвар Серж Саркисян парвандаи ҷиноӣ боз ва ба додгоҳ ирсол шудааст.

Зидди Саркисян дар доираи парвандаи ҷиноии марбут ба вазири пешини кишоварзӣ Серго Карапетян, соҳибкор Барсег Бегларян ва муовини пешини вазири кишоварзии Арманистон Самвел Галстян айб эълом шудааст.

Саргсян ба дуздии беш аз 1 миллион пули будҷа айбдор мешавад. Зидди президенти пешини Арманистон ва шахсони мазкур бар асоси банди "Шарикӣ дар дуздӣ ё азхудкунӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба Саркисян то 8 соли зиндон бо мусодираи амвол таҳдид мекунад.

Худи Саркисян айби эъломшударо рад карда, вакилонаш мегӯянд, парвандаи шахси зери ҳимояи онҳо ангезаи сиёсӣ дорад.

Саркисян 10 сол Арманистонро роҳбарӣ кард ва баҳори соли 2018 дар доираи ислоҳоти Конститутсия мехост ба курсии сарвазирӣ нишинад. Аммо баъди эътирозҳои густардаи шашрӯза дар робита ба сарвазир таъйин шудани вай, истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG