Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се шаҳрванди Қазоқистон бо айби тарғиби терроризм зиндонӣ шуданд


Додгоҳе дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 28-уми январ се сокини маҳаллиро бо айби "тарғиби терроризм" ҳафтсолӣ зиндонӣ кард.

Бағдод Бисембоев (соли таваллудаш 1973), Ерсан Кулинтай (1992) ва Одилҷон Давлатов (1993) баъди он айбдор шуданд, ки баҳори соли 2019 дар як ҳаммоми хусусӣ аз "ҷиҳод" тавсиф ва изҳори омодагӣ кардаанд, ки ба кишвари хориҷие рафта, ба сафи созмонҳои тундрав пайванданд.

Бисембоев моҳи июли соли гузашта аз сӯи мақомоти Қазоқистон дар марз бо Русия боздошт шуд. Мақомот гуфтанд, вай "ҳадаф дошт, ба Сурия равад". Додгоҳ Давлатов ва Кулинтойро ҳамчунин дар нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир айбдор кард.

Додгоҳ ҳангоми содир кардани ҳукм "эътирофи айб аз сӯи муттаҳамон ва фарзанддор будани онҳоро" ба эътибор гирифт.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки дар Сурияву Ироқ бештар аз 800 шаҳрванди ин кишвар ҳузур доранд. Бештар аз 600 шаҳрванди Қазоқистон аз сӯи мақомоти ин кишвар аз Шарқи Наздик баргардонида шуданд. Аз шумори баргашта даҳҳо тан бо айбҳои марбут ба терроризм ба зиндон маҳкум шуданд.

XS
SM
MD
LG