Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як муаллим дар Душанбе ба иттиҳоми озори ҷинсии чанд мактабхон


Омӯзгори яке аз мактабҳои миёна дар шаҳри Душанбе бо иттиҳоми озори ҷинсӣ ва анҷом додани рафторҳои шаҳвонӣ нисбат ба чанд хонанда, боздошт шудааст.

Дар ин бора як манбаъ аз Додситонии Душанбе ба Радиои Озодӣ хабар дод. Омӯзгори 34-сола, ки дар яке аз мактабҳои маркази шаҳр ба ҳайси мудири бахши хоҷагӣ ва ҳам омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ кор мекард, дар талоши анҷом додани амалҳои шавҳонӣ нисбати наздики 5 хонанда муттаҳам дониста мешавад. Назари пайвандони омӯзгори боздоштшуда дар робита ба ин иттиҳом, ҳанӯз маьлум нест.

Бино ба иттилои манбаи Радиои Озодӣ дар додситонӣ, нисбати омӯзгор В.И бо моддаи 139 қисми 4, (ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) парванда боз шудааст. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо дар додситонӣ, ин омӯзгор гӯё духтарони ноболиғро ба манзили худ, дар кӯчаи Шоҳтемури Душанбе даъват мекардааст.

Дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз боздошти омӯзгор хабар доранд, аммо ба далели халал нарасонидан ба кори тафтишот, аз ироаи иттилое дар ин бора худдорӣ мекунанд. Ба гуфтаи як намояндаи раёсат, омӯзгор В.И таҷрибаи ҳудудан 8-сола кор дар ин соҳаро доштааст. Дар мактабе, ки омӯзгори боздоштшуда дар он ба ҳайси муаллими фанни тарбияи ҷисмонӣ ва ҳам мудири бахши хоҷагӣ фаъолият мекард, гуфтанд ӯ корро дар ин муассиса аз соли 2014 шурӯъ кардааст.

Номи муаллим ва рақами мактаби миёнае, ки ӯ дар он фаъолият мекард, дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, аммо ба далелҳои ахлоқӣ ошкор намешавад.

Омӯзгорони мактаб ба далели дахолат накардан ба кори тафтишот аз додани ҳамагуна иттилоъ дар робита ба ҳамкорашон худдорӣ мекунанд, аммо бархе аз ӯ чун як омӯзгори хуб ёд менамоянд.

Боздошти ин омӯзгори мактаб барои озори ҷинсии хонандаҳо дар ҳолест, ки тирамоҳи соли 2019 додгоҳи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Норакро бо гуноҳи, ба истилоҳ, рафтори шаҳвонӣ, ба 17,5 соли зиндон маҳкум кард.

Мирзохон Алиев, омӯзгори синфҳои ибтидоии яке аз мактабҳои Норак, пас аз шикояти ноболиғи 12-сола ба наздиконаш аз рафтори омӯзгор, дар ҷойи кор боздошт шуд. Вале наздикони ӯ мегӯянд, айбнома беасос аст ва омӯзгор барои табрик кардани толибаи худ барои ғалаба дар мусобиқаи шоҳмот гирифтори додгоҳ шуд.

XS
SM
MD
LG