Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вирус дар Вуҳан. Шумораи қурбониён аз 100 гузашт. Таътилот дар Чин тамдид шуд


Бо афзоиши соат ба соати шумораи қурбониёни вируси нав дар Чин, ҳукумати он кишвар барои муқобила бо паҳн шудани ин беморӣ, бар таътилоти солинавии чинӣ се рӯзи дигар илова кардааст. Мақомҳои расмии Чин мегӯянд, шумораи қурбониёни ин вирус ба 106 нафар расида, 2300 тани ба он гирифтор шудаанд.

Вазири тандурустии Чин рӯзи якшанбеи 26-уми январ эълом кард, ки кишвараш дар вазъияти "бисёр ҳассос" қарор дорад, зеро ба назар мерасад "тавоноии интиқоли ин вирус ба дигарон афзоиш ёфтааст".

Ин изҳорот дар рӯзе матраҳ шуд, ки дабири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълом кард, ки барои гуфтугӯ бо мақомҳои чинӣ ва дигар пажӯҳишгарон ва мутахассисон, ба Чин сафар мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Чин дар баёнияе, ки аз сӯи расонаҳои расмии Чин нашр шуд, эълом кардааст се рӯзи дигар ба таътилоти солинавии чинӣ, ки аз ҷумъаи гузашта оғоз шудааст, изофа мешавад. Таътилот бо дарназар гирифтани рӯзҳои ахири ҳафта, то душанбеи ҳафтаи оянда тамдид шудааст.

Бинобар гузоришҳо, ба ширкатҳо ва мактабҳо низ дар ин бора иттилоъ дода шудааст. Ҳадаф аз тамдиди таътилҳо, пешгирӣ аз тамосҳҳои бештар ва муқобила бо вирус гуфта шудааст.

Дар Амрико низ мақомҳои ҳукуматӣ таъйид кардаанд, ки панҷумин мавриди вирус ошкор шудааст. Ҳамаи ин панҷ тан афроде ҳастанд, ки ахиран ба шаҳри Вуҳан сафар карда буданд. Албатта натиҷаи озмоиши шаҳрвандони дигар эълон нашудааст ва мумкин аст шумораи гирифторон афзоиш ёбад.

Рӯзи якшанбе Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин вазъияти кишварашро "вахим" хонд ва дар дидор бо раҳбарони ҳизби ҳокими он кишвар аз ниҳодҳои давлатӣ хоста буд, "фавран ва ба таври густурда" иқдомот барои назорати вазъро бештар кунанд.

Вируси нав аз хонаводаи коронавирусҳое аст, ки аз сармохӯрдагии оддӣ то бемориҳои маргборе монанди "SARS"-ро дар бар мегирад. Дар ҷараёни паҳн шудани ин вирусҳо, аз шаҳрвандон хоста мешавад, ҳарчи бештар дастонашонро бо собун бишӯянд, ҳатман даҳони худро ҳангоми атса задан бо латта ё дастмол бипӯшонанд, аз ҳузур дар ҷойҳои сериздиҳом ва умумӣ, ки эҳтимоли вуҷуди вирус дар онҳо вуҷуд дорад, ва низ аз наздик шудан ба афроди бемор парҳез кунанд, ё аз тамоси бидуни ниқоби тиббӣ ва монанди инҳо бо ҳайвоноти хонагӣ ва ваҳшӣ худдорӣ кунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (7)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG