Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми мухталифи Тоҷикистону Узбекистон ба донишҷӯёнашон дар Чин


Шаҳри Вуҳани Чин. Акс аз 22-юми январи 2020
Шаҳри Вуҳани Чин. Акс аз 22-юми январи 2020

Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбекистон, гуфт, 30 донишҷӯи узбекро, ки дар шаҳри Вуҳан, маркази кашфи вируси нав дар Чин мондаанд, ба кишвар бармегардонанд.

Ӯ дар ин бора рӯзи 25-уми январ дар ҷаласаи навбатии пресс-клуб ваъда дод. Комилов гуфт, "ҳоли ҳозир Вазорати умури хориҷӣ ва Вазорати тандурустӣ дар ин замина кор мекунанд", аммо санаи дақиқи овардани донишҷӯёнро аз Чин нагуфт.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар Вуҳан тақрибан 250 шаҳрванди ин кишвар, асосан донишҷӯён, ба сар мебаранд. Бисёре аз донишҷӯён баъди адои даври дигари таҳсил ба кишвар баргашта будаанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони сафорати Тоҷикистон дар Чин рӯзи 26-уми январ дар паёме аз донишҷӯёни тоҷик дар он кишвар хостаанд, "талаботи мақомоти Чинро дар бораи риояи тартиботи ҷорӣ" дар бораи "коронавирус" бечунучаро иҷро кунанд.

Дар паёми масъулони сафорат гуфта шудааст, "агар зарурати воқеии баровардани донишҷӯёни хориҷӣ аз музофоти Хубей ба миён ояд ва чунин тасмим дар сатҳи мақомоти чинӣ гирифта шавад, Сафорати Тоҷикистон ин масъаларо бо Ҳукумати Чин ҳаллу фасл хоҳад кард."

Мақомоти сафорат шумораи донишҷӯёни тоҷикро дар музофоти Хубей ошкор накардаанд.

Қаблан бархе аз донишҷӯёни тоҷик дар Вуҳан ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бештари вақти худро дар хобгоҳ мегузаронанд.

XS
SM
MD
LG