Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Душанбе - Хуҷанд дигарбора боз шуд


Роҳи Душанбе-Чаноқ. Акс аз моҳи январи соли 2019
Роҳи Душанбе-Чаноқ. Акс аз моҳи январи соли 2019

Роҳи Душанбе - Чаноқ, ки рӯзи 26-уми январ бо сабаби фаромадани тарма муваққатан баста шуда буд, дигарбора боз гардид.

Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS, масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ, 26-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи якшанбе дар ин масир (аз километри 48 то километри 80-ум) миқдори зиёди тарма фаромада, ҳаракати мошинҳоро ғайримумкин кард, аммо ҳоло роҳ аз тарма пок карда шудааст.

Бархе аз сокинон аз баста будани роҳ ва зуд пок нашудани масир аз тарма танқид карда буданд. Онҳо ҳамчунин аз гаронии нархи билети ҳавопаймо аз Хуҷанд ба Душанбе норизоянд.

Роҳи Душанбе-Чаноқ ягона роҳи заминист, ки пойтахтро бо шимоли кишвар мепайвандад. Ҳар сол дар фасли зимистон ба сабаби фаромадани тарма дар ин роҳ чандин нафар ҷон мебозанд.

Нигоҳубини роҳ аз соли 2009 дар ихтиёри ширкати офшории IRS - Инновейтив роуд солюшнз аст. Бо вуҷуди сару садо ва баҳсҳо дар ҷомеа соҳиби асосии он ба сокинон маълум нест. Дар ин роҳ чанд плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ - насб шудааст, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмати роҳ мегирад.

Ин роҳ бо 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи "Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин" ва ё "China road" сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дар сад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.

XS
SM
MD
LG