Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"На ҳавлӣ, на ҳоҷатхона". Ҷанҷоли сокинони баландошёна дар Фархор. ВИДЕО


Сокинони Фархор
Сокинони Фархор

Гуруҳе аз сокинони ошёнаи дуюми як бино дар Фархор мегӯянд, ҳавлиро ҳамсояҳо аз ошёнаи аввал ғасб кардаанд.

Ин мушкил ҷанҷоли ҳамсоягонро ба миён овардааст. Сокинони ошёнаи дувум даъво доранд, ки ҳавлӣ барои истифодаи умум аст ва касе ҳақ надорад онро шахсӣ кунад. Сокинони ошёнаи аввал мегӯянд, барои истифодаи ҳавлӣ бо чунин шакл иҷозаи расмӣ доранд

Марҷона Забирова, сокини бино мегӯяд, борҳо ин мушкилро то сатҳи ҳукумат расониданд, вале мақомот ба арзашон нарасиданд.

Ба гуфтаи ӯ, “кормандони ҳукумат меоянд, вале ҳамсояҳоро намепурсанд, ки чаро ҳавлиро аз худ кардаед”.

Ҷанҷоли сокинони бинои дутабақа дар Фархор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Ҳавлии биноро сокинони ошёнаҳои аввал девор бардошта роҳ ва майдончаи кӯдаконро банд кардаанд.

Дилафрӯз Давлатова, сокини кӯчаи Сангак Сафарови ноҳияи Фархор мегӯяд, мехоҳем ҳамаи ҳамин ҷойҳо чаппа шавад ва ҷои бозии кӯдаконро барқарор кунанд. Ягон сӯхтор шавад роҳ нест, як пайроҳа аст тамом.”

Бибинисо Амиршова, сокини ноҳияи Фархор чанд сол пеш дар ин бино, ки сокинонаш ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд, хона харид.

“Ҳамин хонаро харидему пушаймони зор шудем. Мефаҳмидем хонаи даъвогӣ аст, мо ҳаргиз намехаридем. Ҳар рӯз ба духтарам мегӯям, ки чаро ҳамин хонаро харидӣ”,--гуфт ӯ.

Сокиноне, ки ҳавлии биноро девор бардоштаанд, дар навбати худ мегӯянд, корашон қонунӣ аст ва барои ин санадҳои расмӣ аз мақомоти маҳаллӣ доранд. Аммо ба мо санадҳоро нишон надоданд ва барои сӯҳбат дар назди камера низ розӣ нашуданд.

Сокинони ин бино аз оддитарин шароити беҳдоштӣ низ маҳруманд. Обро аз кӯча мекашанд, қубури обгузар надоранд ва аз ҳоҷатхонаҳое истифода мебаранд, ки дар кӯча сохтаанд.

“Мо ягон шароит надорем. Сокинони якум ошёна ҳавлиро ғайриқонунӣ забт кардаанд. Дар дуюм ошёна ягон шароит надорем. Ман дар ошёнаи дуюм зиндагӣ мекунам ва на оби нушокӣ дорем, на ҷойи обпарто. Ҳамом мекунем, обро гирифта дар поин мепартоем”,--гуфт ӯ.

Дар ҳукумати ноҳияи Фархор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз мушкили сокинон бохабаранд. Ба гуфтаи Валӣ Раҳимов, раиси ҷамоати шаҳракӣ Фархор, онҳое ки ҳавлии биноро девор бардоштаанд ҳуҷҷат доранд.

Ин ҳуҷҷатҳое, ки сокинони ошёнаи аввал барои девор бардоштани ҳавлӣ доранд, то куҷо ба меъёрҳои сохтмонӣ ҷавобгӯй аст, мақомот шарҳ надоданд.

Сокинон мегӯянд, то ҳал шудани мушкилашон аз даъво даст намекашанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG