Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кул дар мақомаш монд. Аз ӯ талошҳои ҷиддитар хоста шуд


Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон барои панҷ соли дигар дар ин мақом кор мекунад. Рӯзи 24-уми январ Маҷлиси Миллӣ, палатаи болои порлумони Тоҷикистон барои панҷ соли дигар боқӣ мондани Юсуф Раҳмон дар мақоми Додистони кулли Тоҷикистон, ризоят дод.

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, Додситони кул аз тарафи раисҷумҳур танҳо бо ризоияти аъзои Маҷлиси Миллӣ таъйин карда мешавад. Номзадии Юсуф Раҳмонро дар порлумон ба ҳайси Додситони кул, Зариф Ализода, ёрдамчии раиси ҷумҳур дар масъалаҳои ҳуқуқӣ, муаррифӣ кард.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ зимни тасдиқи номзадии Юсуф Раҳмон гуфт, ки аз кори панҷсолаи ӯ ба ҳайси додситон розӣ аст, вале аз ӯ хост, ки дар тақвияти фаъолияти низоми додситонии Тоҷикистон талоши бештар кунад. Аз ҷумла, Убайдуллоев ва аз ӯ хост, ки мубориза бо фасод дар кишварро сахттар кунад, чун Тоҷикистон дар гурӯҳи 30 кишваре шомил мебошад, ки сатҳи фасод дар онҳо боло мебошад.

Юсуф Раҳмон дар посух ба ин гуфтаи Убайдуллоев эътироф кард, ки фасод аз мушкилиҳои ҷиддӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст. "Ин проблемаи ҷиддӣ аст, на танҳо дар ҷомеаи мо. Фикр мекунам, ки пеш аз ҳама назорати соҳавӣ, назорати роҳбарони вазорату идораҳо аз болои зертобеон бояд пурзӯр карда шавад",-гуфт Додситони кулл.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин аз Юсуф Раҳмон хост, то дар ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва соҳибкорон дар дохил талоши бештар кунад. Убайдулллоев гуфт, "рӯирост ҳамаамон медонем, ки наздики 3 миллиард бештар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ маблағ ворид мешавад. Барои чӣ мо онҳоро дастгирӣ накунем?"

Бар асоси розигии Маҷлиси миллӣ Юсуф Раҳмон барои 5 соли оянда дар мақоми Додситонии кулли Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ӯ моҳи январи соли 2015 ба ин мансаб таъйин шуда буд. Дар замони раҳбарии ӯ, бо пешниҳоди Додситонии кулл, Ҳизби наҳзати исломӣ, яке аз ҳизбҳои умдаи мухолиф дар кишвар мамнуъ ва террористӣ эълон шуд. Ҳарчанд раҳбарони ҳизб дар хориҷ ин қарорро намепазиранд ва онро беасос мешуморанд.

Инчунин, баъзе аз рӯзноманигорон мегӯянд, дар давраи раёсати панҷсолаи Юсуф Раҳмон гирифтани иттилоъ аз Додситонии кул мушкил шуд. Юсуф Раҳмон дар чанд ҷаласаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳайати Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (16)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG