Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вируси нав дар Чин 440 танро мубтало кард ва 9 нафарро кушт


Комисияи миллии ҳифзи тандурустии Чин рӯзи 21-уми январ хабар дод, ки 440 тан дар 13 вилояти он кишвар гирифтори вируси нав шудаанд.

Ҳамчунин аз марги нуҳ тан бар асари мубтало шудан ба ин вирус хабар дода шуд. Гуфта мешавад, ки ин вирус аз одам ба одам мегузарад.

Ли Бин, муовини мудири ин комисия рӯзи 22 январ гуфт, ки ба шаҳри Вуҳан, шаҳре дар Чини Марказӣ даровардани ҳайвонҳо манъ шудааст. Маҳз дар ин шаҳр нахустин ҳолати мубтало шудан ба вируси нав ба қайд гирифта шудааст. Вай афзуд, санаде дар бораи "паҳнсозандаи фавқулода" будани ин вирус мавҷуд нест.

Як рӯз пеш мақомоти ИМА тасдиқ карданд, ки нахустин ҳолати гирифторӣ ба вируси нав дар ин кишвар ба қайд гирифта шудааст. Бемор сокини аёлати Вашингтон аст, ки рӯзи 15 январ аз шаҳри Вуҳани Чин баргаштааст. Марди 30-сола рӯзи 19 январ ба бемористон муроҷиат кард. Вазъи ин мард айни ҳол муътадил арзёбӣ мешавад.

Қарор аст, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ вазъи паҳншавии вируси навро баррасӣ кунад. Ин созмон хатарҳои бемории фарогирро баҳо хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG