Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷол дар идораи "Казахмис": худкушиву маҷрӯҳшавии коргарон


Дар идораи коргоҳи "Казахмис" дар шаҳри Жезкангани Қазоқистон занозанӣ рух дод. Ба иттилои пулис, як коргар худкушӣ кардаву ду тани дигар маҷруҳ шудаанд. Ба иттилои мақомот, низоъе, ки рӯзи 21-уми январ дар утоқи мудири коргоҳ рух дод, ба фоҷеа анҷомид.

"Раиси иттиҳоди коргарони "Казахмис" Тоғузбой Тажбенов дар рафти ин ҷанҷол бо корд ба пушти мудири корхона Амангелдӣ Минигулов ва ба қафаси синаи Собирҷон Тембоев, коргари дигари ин корхона зарба задааст. Тажбенов баъди ин худкушӣ кардааст. Минигулов ва Тембоев бистарӣ шудаанд",-хабар медиҳанд расонаҳо.

Айни ҳол тафтиши ҳодиса идома дорад.

XS
SM
MD
LG