Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Рашт. Роҳрӯбону ронандагон якдигарро айбдор мекунанд


Гурӯҳе аз ронандагони мошинҳои боркаш аз он шикоят мекунанд, ки ду рӯзи ахир дар шоҳроҳи Душанбе-Рашт банд монданд ва касе ба додашон намерасад. Ин ронандаҳо, ки байни онҳо тоҷирони қирғиз ҳам ҳастанд мегӯянд, ба далели барфрезии зиёд дар масири наздик ба деҳаи Алигалабон дар ҳудуди ноҳияи Нуробод дармондаанд. Аммо мақомот мегӯянд, ки роҳ бо айби ронандаи як мошини борбар банд шудааст.

Гурӯҳе аз ронандагон рӯзи 22-юми январ бо Радиои Озодӣ тамос гирифта ва гуфтанд, ки дар қисматҳои мухталифи ин шоҳроҳ ҳудуди 20 мошини боркаш банд мондааст. Ба гуфтаи ронандаҳо, баландии барф дар ин роҳ аз 40 то 50 сантиметр расидааст.

Маҳмуд Саидов, яке аз ин ронандаҳо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "роҳ пурра баста аст. Мо дар мошин хобем. Баъзеҳо 3 рӯз боз дар роҳ ҳастанд. Фақат як одам дар роҳ бо бел қуму рег рехта истодааст. Раҳбари ДЭУ-ро гуфтам, мегӯяд 800 сомонӣ маош дорад ва имкони аз ин беш кор карданро надорад. Роҳ пур аз барф ва ях аст".

Дар наворе, ки ронандаҳои дармонда ба Радиои Озодӣ фиристоданд, роҳу пур аз барф ва қатори мошинҳои борбар дида мешавад, ки аз ҳаракат бозмондаанд.

Дилшод Хоҷаев, ронандаи дигари мошинҳои боркаш, ки бояд аз ноҳияи Лахш ба Ёвон 14 тонна картошка мебурд, ҳоло дар нимароҳ дармондааст. Ин соҳибкор аз он ташвиш дорад, ки маҳсулоташ дар сардӣ вайрон мешавад. Ба гуфтаи ӯ, агар роҳ тоза нашавад ӯ зарари калон мебинад.

"Бо вуҷуди ин, ки занҷир бастем, ҳама корро кардем, вале нашуд. Роҳ беҳад мушкилгузар аст ва онро тоза намекунанд. Ман таваккал карда, хостам ҳамон нишебиро поин шавам, аммо ях мошинро партофт ва наздик буд ба дарё афтем".

Ба гуфтаи ронандаҳо масъулини роҳ фақат як маротиба булдозер оварда кӯшиш карданд ҷодаро тоза кунанд, аммо барф дубора роҳро пур кард ва муроҷиаташон ба масъулин бенатиҷа аст.

Мақомоти ноҳияи Нуробод, ки масъулияти нигаҳбонии ин қисмати роҳро доранд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар воқеъ чанд мошини борбар дармондаанд, вале ба гуфтаи онҳо, роҳ на дар пайи ҷамъшавии барфи зиёд, балки бо айби ронандаи як мошини калонҳаҷми борбар баста шудааст.

Зафар Ҳисориев, як масъули ҳукумати ноҳияи Нуробод, рӯзи 22-юми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин мошини борбар қоидаҳои бехатариро риоя накарда, дар байни роҳ аз ҳаракат мондааст. Ҳисориев афзуд, ниҳоди масъул 3 рӯзи ахир ба тозакунии ин роҳ машғул аст ва лаҳзаҳои наздик боз мешавад.

Ҳамин тавр бархе аз корбарони дигари Радиои Озодӣ ҳам аз банд мондани мошинҳояш дар ноҳияи Лахш хабар доданд.

Боришоти барф дар минтақаҳои кӯҳии кишвар беист идома дорад ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо нашри як эълон аз сокинони минтақаҳои куҳӣ хостааст "дар ҳоли ях бастани роҳҳо хеле эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ронандагиро ҷиддан риоя кунанд. Аз сафарҳои безарурат худдорӣ намоянд".

Бино ба иттилои Оҷонсии ҳавосанҷии Тоҷикистон, то охири ҳафтаи ҷорӣ ҳаво сардтар, барф дар кӯҳҳо шадид ва ҳаракат дар роҳҳои кӯҳи мушкил хоҳад шуд. Дар ин рӯзҳо эҳтимолӣ яхбандӣ ва лағзиши тарма зиёд будааст.

XS
SM
MD
LG