Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари пешини Интерпол барои ришвахорӣ 13,5 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи Чин раҳбари пешини "Интерпол" ё худ Пулиси байналмилалӣ Мэн Ҳонгвейро бо ҷурми фасодкорӣ 13,5 сол зиндонӣ кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters иттилоъ дод.

Мэн Ҳонгвей, ки аз соли 2016 раҳбари Интерпол буд, моҳи сентябри соли 2018 ҳангоми сафараш ба Чин нопадид шуд. Дертар мақомоти Чин хабар доданд, ки вайро бо гумони ришвагирӣ боздошт карданд.

Мэн моҳи июни соли 2019 дар додгоҳ эътироф кард, ки беш аз ду миллион доллар ришва гирифтааст. Ҳизби коммунистии Чин гуфт, ӯ бо сӯистифода аз мақом пулҳои давлатро сарф карда, қарори ҳизбро иҷро накардааст. Мэн аз сафи ҳизб хориҷ карда шуда буд.

​Мэн то раҳбари Интерпол таъйин шудан муовини вазири амнияти ҷамъиятии Чин буд. Ҳамсари ӯ мегӯяд, парвандаи шавҳараш ангезаи сиёсӣ дорад. Вай "Интерпол"-ро ба додгоҳ кашидааст. Ба гуфтаи ҳамсари Мэн, "Интерпол" натавонист хонаводаи онҳоро ҳимоят кунад.

XS
SM
MD
LG