Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқтаборони фирорӣ ба Чин истирдод намешаванд


Додгоҳи ноҳияи Зайсан қазоқтаборон Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Алимулиро бо ҷурми "барқасдона ғайриқонунӣ гузаштан" аз марзи Қазоқистон як солӣ зиндонӣ кард. Онҳо муҳлати ҷазоро дар зиндони сукунатӣ адо мекунанд.

"Онҳо ҳаққи мулоқот бо наздиконашонро доранд ва ҳамчунин бар асоси қонун, як рӯзи нигаҳдорияшон дар боздоштгоҳ ду рӯз, яъне се моҳу се рӯзи ҳабсашон шаш моҳу шаш рӯз ҳисоб мешавад ва бояд 5 моҳу 24 рӯзи дигар дар зиндон бимонанд",-гуфт додрас Шинор Оспанова.

Мусохони 30-сола ва Алимулии 25-сола гуфтанд, рӯзи 1-уми октябри соли гузашта марзи давлатии Чинро убур ва 5 рӯз дар минтақаи байни сарҳади ду давлат боқӣ монданд. Танҳо дар рӯзи 6-уми октябри соли 2019 муваффақ шуданд, ки вориди Қазоқистон шаванд.

Кастер Мусохон гуфт, баъди он аз Чин фирор кард, ки "наздики чаҳор солу ҳашт моҳи охир дар урдугоҳ нигаҳдорӣ мешуд". Мусохон мегӯяд, дар урдугоҳ ба ӯ фишор меоварданд ва латту кӯб мекарданд. Алимулӣ низ аз фишору латту кӯби мақомоти Чин нақл кард.

XS
SM
MD
LG