Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллии Қирғизистон аз интиқолҳои шубҳаноки пулии Саймаитӣ хабар додааст


Раиси Бонки миллии Қирғизистон Толкунбек Абдигулов.
Раиси Бонки миллии Қирғизистон Толкунбек Абдигулов.

Бонки миллии Қирғизистон мегӯяд, аз соли 2012 то соли 2018 дар мавриди интиқоли шубҳаноки пул аз сӯи шаҳрвандони Чин, ба Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва Кумитаи амнияти миллии ин кишвар 16 нома фиристодааст.

Раиси Бонки миллии Қирғизистон Толкунбек Абдигулов гуфт, дар 14 тои ин номаҳо номи соҳибкори кушташуда Айеркен Саймаитӣ ва ширкати "Абдироз" зикр шудаанд.

"Вақте 29 майи соли 2019 таҳқиқот нашр шуд, мо ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ муроҷиат кардем, то барои омӯзиши бештар нусхаи санадҳои бонкии дар таҳқиқот овардашударо диҳанд, вале мутаассифона посухе нагирифтем",-афзуд ӯ.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ моҳи майи соли 2019, баъди нашри қисми аввали таҳқиқот дар бораи "шустушӯи садҳо миллион доллар тавассути Қирғизистон" санадҳои лозимиро ба Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии он кишвар фиристод.

21-уми ноябри соли 2019 дар порлумони Қирғизистон барои баррасии куштори соҳибкори чинӣ Айеркен Саймаитӣ дар Туркия комиссияи муваққатӣ ташкил шуд. Вакилон робитаи ӯ бо Қирғизистон ва иштирокашро дар нақшаи ғайриқонунӣ бурдани 700 миллион доллар аз ин кишвар меомӯзанд.

Саймаитӣ 10-уми ноябри соли гузашта, пас аз сӯҳбат бо рӯзноманигорон ва додани маълумот дар бораи берун бурдани миллионҳо доллар аз Қирғизистон дар шаҳри Истамбул кушта шуд. Дар робита ба куштори ӯ 4 кас боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG