Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии мизбонон дар Олимпиадаи зимистонаи наврасон дар Лозанна


Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон дар Лозанна.
Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон дар Лозанна.

Дар Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон дар Лозанна баъди натиҷагирии 11 рӯзи мусобиқот дастаи мунтахаби мизбон - Швейтсария - бо касби 21 медал (8 нишони тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ) ба ҷойи аввал баромад.

Мунтахаби Русия бо касби 25 медал (7 нишони тилло, 10 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар байни кишварҳои ҷоизадор ба зинаи дувум фуромад. Дастаи мунтахаби омехта, ки аз варзишгарони кишварҳои мухталиф таркиб ёфтааст, бо касби 18 медал (6 нишони тилло, 6 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор дорад.

То ҳоло варзишгарони навраси 31 кишвар бо медалҳои Бозиҳо, аз он ҷумла намояндагони 22 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз гаштаанд.

Ба ғайр аз варзишгарони Русия, дар ин Бозиҳо боз намояндагони чаҳор кишвари собиқи шӯравӣ - Латвия 4 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ), Эстония як медали тилло, Беларус ва Гурҷистон яктоӣ медали биринҷӣ - ба даст овардаанд.

Дар Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон ширкат надорад. Аз Қазоқистон 25 варзишгар, аз Қирғизистон 2 варзишгар, аз Туркманистон ва Узбекистон якнафарӣ дар Олимпиадаи зимистона иштирок мекунанд. Вале то ҳоло аз ин кишварҳои минтақа касе медал ба даст наовардааст.

Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон дар Лозанна, ки бо ширкати беш аз 1800 варзишгари наврас аз 79 кишвар оид ба 16 намуди варзиш (биатлон, бобслей, ҳоккейи рӯи ях, лижатозӣ, лижаронии кӯҳӣ, рақси рӯи ях, скелетон, шорт-трек ва ғайра) баргузор шудааст, 22-юми январ ба анҷом мерасад.

XS
SM
MD
LG