Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон "сандуқи сиёҳ"-и ҳавопайморо ба хориҷ намефиристад


Рӯзи 19-уми январ ҳамзамон бо интиқоли ҷасадҳои 11 украинӣ, ки дар ҳавопаймои сарнагуншуда дар Эрон ҷон доданд, мақомоти расмӣ гуфтаанд, ки абзори сабти иттилои парвозро барои таҳқиқ ба хориҷ намефиристанд.

Хабаргузории давлатии ИРНА аз қавли Ҳасан Ризоифар, раҳбари гурӯҳи тафтишотии фалокат навиштааст, "абзорҳои сабти ҳавопаймои "Боинг"-и Украина дар дасти эрониҳост ва мо ҳеҷ нияти фиристодани он ба хориҷро надорем".

Айни замон Канада рӯзи 19-уми январ дигарбора аз Теҳрон хост, ки "сандуқи сиёҳ" ва ё ҳамон абзори сабти иттилои парвозро фавран ба Фаронса ва ё Украина бидиҳад. Франсуа Филип Шампейн, вазири умури хориҷии Канада баъди суҳбат бо ҳамтои эрониаш Муҳаммадҷавод Зариф гуфт, дигарбора ба мавқеи кишвараш таъкид кардааст, ки "сандуқҳои сиёҳ" бояд барои тафтиши шаффоф ҳарчӣ зудтар ба Украина ва ё Фаронса фиристода шаванд, ки таҷрибаи таҳқиқро доранд".

Ҳасан Ризоифар гуфтааст, ки ҳоло бо абзорҳои сабт кор мекунанд ва мумкин аст Эрон онҳоро ба Украина ва ё Фаронса бифристад, вале ҳоло дар ин бора қарори қатъие қабул накардаанд. Ҳавопаймои мусофирбари Украина рӯзи 8-уми январ дар натиҷаи зарбаи мушакӣ ва иштибоҳии нерӯҳои ҳавоии Эрон сарнагун шуд ва тамоми 176 мусофир ва ҳайати парвоз ҳалок шуданд.

XS
SM
MD
LG