Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони ҷасур, баҳси мактабҳои русӣ, гӯшаи тираву тори Душанбе дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Ҷасорату худситоии муҳоҷирони тоҷик дар Маскав, бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, Душанбеи торик ва мусофирони мунтазир дар роҳ ва як роҳи тарснок дар Кӯлоб, аз видеову сӯҳбатҳои барномаи Озодӣ Онлайн аст.

Муҳоҷирони тоҷик видеоиро фиристоданд, ки онро рӯзи 14-уми январ дар истгоҳи метрои Шелковский дар Маскав сабт кардаанд. Муаллифи видео ба мо навишт, ки асосан бо кӯмаки муҳоҷирони тоҷик оташи автобусро хомӯш кардаанд, ки нотарсида ба автобус наздик мешуданд. Дар ин видео асосан сӯҳбат ба забони тоҷикӣ аст ва муҳоҷирон шӯхӣ мекунанд, ки онҳо оташнишон ҳастанд ва бояд барои наҷоти автобус аз онҳо сипосгузор бошанд.

Аз Русия мегузарем ба баҳси сохтани 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон, ки қарор аст бо пули ҳукумати Русия бунёд шаванд. Корбарони зиёде зери гузориши Радиои Озодӣ дар ин бора шарҳ навиштаанду аз манфиату зарари онҳо гуфтаанд.

Корбаре бо номи "Адолат" зоҳиран бо киноя навиштааст, "агар кӯчаруб шудан хохед, забони русиро омӯзед! Аз забони русӣ ягон нафъ нест. Фақат забони англисӣ омӯхтан даркор!"

Корбари дигаре бо номи "Ғариб" мухолифони сохтани мактабҳои русӣ дар Тоҷикистонро танқид карда ва чунин гуфтааст, "ман забони русиро дар мактаб бо баҳои аъло хондаам. Шукри Худо, ки имрӯз дар Русия байни русҳо обрӯву эътибор дорам. Донистани забони бегона ягон гуноҳу айб нест. Вале дигар миллатро паст задан нодонист".

Миллати тоҷик кӯчарубу мардикор бимонад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Корбаре, ки нахостааст, номашро бигӯяд, дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, ки сохтани мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ба фоидаи тоҷикон нест. Ӯ гуфтааст, "ин маънои онро дорад, ки насли ояндаи миллати тоҷик ғулому кӯчарӯбу мардикори мардуми рус бимонад ва фарқашон аз муҳоҷирони ҳозир танҳо донистани забони русӣ мешавад".

Дар шабакаи "Инстаграмм" ҳам баҳс дар бораи сохтани мактабҳои русӣ зиёд аст ва корбаре бо номи "Насима4573" бо ишораи ангушт ба тарафи боло навиштааст, "бисёр хуб мешавад, ҳам ба забони тоҷикӣ мефаҳманд, ҳам ба забони русӣ. Худо хоҳад кӯдакони мо ҳам чанд забонро ёд мегиранд ва фардо азоб намекашанд".

Аз Кӯлоб як видеои ҷолиб дорем ва аз кӯчаи Шамсиддини Шоҳини шаҳр. Корбаре, ки видеоро аз тариқи Вотсапп ба мо фиристод, гуфт, ки хост, таваҷҷуҳи мақомотро ба масъалаи ифлосӣ ва пок накардани кӯчаҳои шаҳр аз партоб ҷалб кунад.

Шумо ҳам агар шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10, ба мо ирсол намоед.

XS
SM
MD
LG